Маҳмадбеков дар Қазоқистон медали тилло гирифт

 Сомон Маҳмадбеков дар рӯзи дуюми Гран Слами Қазоқистон нишони тило ба гардан овехт.

 Сомон Маҳмадбеков дар рӯзи дуюми Гран Слами Қазоқистон нишони тило ба гардан овехт.
Бар асоси гузориши Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, ҷудокори маъруфи тоҷик то расидан ба нишони тило варзишгарони Озарбойҷон, Гурҷистон, Бразилия ва як ҷудокори бетарафро мағлуб кард.
Бар хабари манбаъ, Сомон дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бар варзишгари бетараф Ҳасан Холмирзоев ғолиб омад.
Сипас дар чорякфинал бар варзишгари Озарбойҷон Зелим Тскаев, дар нимфинал бар намояндаи Гурҷистон Дмитрий Гошилаидзе ва дар финал варзишгари Бразил Гуилҳерме Шмидтро мағлуб намуда, мақоми авввал гирифт.
Ин нахустинмедали тило аз мусобиқаҳои Гранд Слам мебошад Қаблан ду ҷудокори тоҷик дар ин мусобиқа медали биринҷӣ гирифтанд.
Ёдрас мешавем, дар Гранд Слами Қазоқистон 334 варзишгар (190 мард, 144 зан) аз 42 давлати ҷаҳон ширкат менамоянд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 10 варзишгар миёни мардон намояндагӣ мекунанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад