Бӯҳрони Украина, натиҷаи ҷанги муштараки Ғарб алайҳи Русия аст

Вазири хориҷаи Русия бо баёни инки Ғарб, Украинаро ба абзори ҷанги муштарак алайҳи ин кишвар табдил карда буд, гуфт, ки Маскав бо рӯйкардҳои усулии Чин барои поён додан ба ин даргирӣ мувофиқ аст.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Сергей Лавров” вазири умури хориҷаи Федератсияи Русия асри шанбе гуфт, ки бӯҳрони Украина ба далели ҷанг муштараки тӯлонимуддати Ғарб алайҳи Маскав ба ин вазъият расидааст.

Лавров тайи нишасти хабарӣ баъд аз дидор бо сарони кишварҳои африқоӣ, тавзеҳ дод: «Авзоъи перомуни Украина дар натиҷаи ҷанги муштарак алайҳи Русия, ки Ғарб барои солҳои мутамодӣ онро тадорук дида буд ва бо табдили Украина ба абзори ин ҷанг барои тазъифи пояҳои амнияти кишварамон эҷод шудааст».

Ба навиштаи хабаргузории “Спутник”, вай дар бораи сиёсати Русия дар қиболи вокуниши дигар кишварҳо нисбат ба ҷанги Украина изҳор дошт: «бархилофи шуракои ғарбии собиқи худ, мо ҳеҷ касеро ба пайравӣ аз ҳаргуна тадобири маҳдудкунанда алайҳи кишварҳое, ки мавзеъи моро надоранд, маҷбӯр намекунем».

Аз замони оғози ҷанги Русия ва Украина, кишварҳои ғарбӣ ба саркардагии Амрико, тамоми талоши худро барои ҷилавгирӣ аз пирӯзии Русия дар ин ҷанг ба кор бурда ва то кунун даҳҳо миллиард доллар таслиҳот ба Украина ирсол кардаанд.

Пеш аз ин низ “Мария Захарова” сухангӯи вазорати хориҷаи Русия гуфта буд: «дар шароити ҷанги муштараки тамом аёри Ғарб алайҳи Русия ва қасди эъломи шудаи Амрико ва НАТО барои таҳмили шикасти роҳбурдӣ алайҳи Маскав, ин ҳаққро барои худ маҳфуз медорем, ки гомҳои бештареро барои тазмини амнияти Русия ва муттаҳидонаш бардорем».

Вазири хориҷаи Русия дар идома ба тарҳи сулҳи Чин барои поён додан ба ҷанги Украина ишора карда ва гуфт, ки Маскав бо рӯйкардҳои усулии Пекин барои ҳаллуфасли ин даргирӣ мувофиқ аст.

Давлати Чин борҳо ба зарурати музокироти сулҳ миёни Русия ва Украина ишора кардааст. Дар таърихи 24 феврали 2023, дар солгарди оғози амалиёти вижаи Русия дар минтақаи Донбасс, Чин тарҳи худро барои поёни ҷанги Украина ироа кард, ки шомили 12 банд аз ҷумла эҳтиром ба ҳокимияти ҳамаи кишварҳо, таваққуфи мухосимот, оғози музокироти сулҳ буд.

Бо ин ҳол, Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина бо иддаои инки тарҳи Чин фақат каломӣ аст то як тарҳи воқеӣ, гуфта буд, ки чунин ибтикори бидуни вуҷуди банде дар мавриди хурӯҷи неруҳои Русия аз хоки Украина ғайриқобили таҳаққуқ аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад