Путин: Зеленский шармандаи мардуми яҳудӣ аст

Раисҷумҳури Русия ба дӯстони яҳудиаш ишора кард ва гуфт, ки ба гуфтаи онҳо Владимир Зеленский шармандаи мардуми яҳудӣ аст

Раисҷумҳури Русия ба дӯстони яҳудиаш ишора кард ва гуфт, ки ба гуфтаи онҳо Владимир Зеленский шармандаи мардуми яҳудӣ аст
Ба нақл аз Спутник, кишвардори Русия Владимир Путин дар Форуми иқтисодии Санкт-Петербург гуфт, ки дӯстони яҳудиаш раисиҷумҳури Украина Владимир Зеленскийро шармандаи мардуми яҳудӣ номидаанд.
“Ман аз кӯдакӣ дӯстони зиёди яҳудӣ доштам. Онҳо мегӯянд: “Зеленский яҳудӣ нест, вай шармандаи мардуми яҳудӣ аст”, – қайд кард раҳбари Русия.
Владимир Путин таъкид кард, ки Зеленский бо аъмоли худ фаъолияти натсистҳоро рӯйпӯш мекунад.
Қаблан кишвардори Беларус Александр Лукашенко гуфта буд, ки Путин бо Зеленский чӣ гуна муносибат мекунад. Ба гуфтаи президенти Беларус, барои Владимир Путин, Зеленский аҳамияте надорад. Вай инчунин тавзеҳ дод, ки ҳеҷ гуна хашми раисиҷумҳури Русия нисбати раҳбари Украинаро мушоҳида накардааст.
Ахиран таҳлилгари маҷлаи “The Hill” Ҷозеф Боско гуфт, ки раисиҷумҳури Украина Владимир Зеленский метавонад бо президенти Русия Владимир Путин барои наҷоти обрӯи худ музокира кунад.
Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург аз 14 то 17 июн баргузор мешавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад