Аввалин намози ҷумъа дар масҷиди нави Душанбе бо иштироки ҳазорон намозгузор+видео

Рӯзи ҷумъаи 16 июни соли 2023 дар масҷиди нави марказии Душанбе нахустин намози ҷумъа бо иштироки ҳазорон намозгузор доир шуд.

Рӯзи ҷумъаи 16 июни соли 2023 дар масҷиди нави марказии Душанбе нахустин намози ҷумъа бо иштироки ҳазорон намозгузор доир шуд. Ин масҷид, ки сохтмонаш 12 сол давом кард, бар пояи беш аз 100 миллион доллар сармояи давлати Қатар сохта ва рӯзи 8 июни соли 2023 дар ҳузури президенти Тоҷикистон ва амири Қатар кушода шуд. Вале рӯзи ҷумъаи 9 июн дар ин масҷид намози ҷумъа доир нашуд ва мақомот гуфтанд, ки нахустин намози ҷумъа дар ин масҷид рӯзи 16 июн доир хоҳад шуд.
Ба гуфтаи намозгузорон ва тавре аз видеоҳои нашркардаи журналист Шамсулло Фозилов бармеояд, рӯзи 16 июн дар нахустин намози ҷумъа дар масҷиди нави марказии Душанбе ҳазорон нафар иштирок кардаанд ва барои ободии Тоҷикистон дуо кардаанд.
Масҷиди нав бо тавони ғунҷоиши 133 ҳазор намозгузор дар як вақт калонтарин масҷиди нафақат Тоҷикистон, балки тамоми Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.
Санги асоси сохтмони масҷид 5 октябри соли 2009, ки иттифоқан зодрӯзи Эмомалӣ Раҳмон низ ҳаст, дар рӯзҳои таҷлили 1310-солагии асосгузор ва пешвои мазҳаби ҳанафӣ Абуҳанифа гузошта шуда, сохтмонаш амалан бо ду сол таъхир, 5 октябри соли 2021, боз ҳам дар зодрӯзи Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфт ва сохтмонаш дар умум қариб 12 сол тӯл кашид.
Масҷид дар майдони 12 гектар бунёд шуда, тавони ғунҷоиши 133 ҳазор намозгузорро дар як вақт дорад, ки аз ин шумора 43 ҳазор намозгузор метавонанд дар дохили бинои масҷид ҷой бигиранд.
Масҷид аз 4 манора бо баландии 74 метр, ду манораи хурди ороишӣ бо баландии 21 метр, гумбази зебову мунаққаши калон бо баландии 43 метр ва 17 гумбази хурд бо баландии 35 метр иборат мебошад. Дар маҷмӯъ, масҷид 178 дар дорад, ки 40 дараш аз чӯби чормағз сохта шудааст.
Масҷиди нав ба номи асосгузори мазҳаби Ҳанифия Имоми Аъзам – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит гузошта шуда, Эшони Сайидмутаҳҳар Асомиддинзода, сархатиби собиқи масҷиди марказии ноҳияи Данғара, имомхатиби ин масҷид таъйин шудааст. Эшони Сайидмутаҳҳар соли 1965 дар ноҳияи Данғара ба дунё омада, соҳиби 7 фарзанд будааст. Ӯ маълумоти расмии динӣ надорад, балки риштаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллиро хатм кардааст ва аз соли 2014 то 2020 дар шуъбаи дини ҳукумати ноҳияи Данғара ва ба ҳайси сархатиби масҷиди марказии ин ноҳия кор карда, ба гуфтаи худаш, ҳанӯз моҳи январи соли 2020 бо пешниҳоди президент Эмомалӣ Раҳмон сархатиби пойтахт, шаҳри Душанбе таъйин карда шуд.
Дар Кумитаи дин ва Маркази исломӣ (собиқ муфтиёт) гуфтанд, ки “Эшони Сайидмутаҳҳар Асомиддинзода аз рӯи дониш, тақво ва камоли одобу ахлоқаш бо қарори ҳайати хатибон ва дар мувофиқа бо Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим сархатиби масҷиди ҷомеи нави Душанбе таъйин гардидааст”.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад