Сафари Мирзиёев ба ҶИЭ, равобити ру ба рушди ду кишвар

Раисҷумҳӯри Узбекистон Шавкат Мирзиёев имрӯз (18.06.2023) ба даъвати расмии " Сайид Иброҳими Раисӣ" раиси Ҷумҳӯри Исломии Эрон ва дар раъси ҳайати олирутба аз мақомоти сиёсӣ ва иқтисодӣ вориди Теҳрон шуд.

Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳӯри Узбекистон пас аз баргузории маросими истиқболи расмӣ, бо раиси Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дидор хоҳад кард ва сипас нишасти музокироти ҳайатҳои олирутбаи дукишвар баргузор мешавад.

Маросими имзои санади ҳамкори ва баргузори нишасти матбуъоти аз дигар барномаҳои сафари раисҷумҳӯри Узбекистон ба Эрон аст.

Ин дуввумин сафари раисҷмҳӯри Узбекистон баъд аз соли 1991 ва аввалин сафари расмии Мизиёев дар ҷойгоҳи раисҷумҳӯри Узбекистон баТеҳрон маҳсуб мешавад.

Бо ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев ба унвони раисҷумҳӯри Узбекистон дар соли 2016, давлати ин кишвар хоҳони беҳбӯди равобит бо Ҷумҳурии Исломии Эрон шуд ва бо таваҷҷӯҳ ба сиёсати нигоҳ ба Шарқ ва авлавияти кишварҳои ҳамсоя дар дипломосии давлати сездаҳуми Ҷумҳӯри Исломии Эрон, равобити таърихии дукишвар, таҳрики тоза ёфт.

Дар се соли ахири ройзаниҳои дуҷониба байни мақомоти Эрон ва Узбекистон бо ҳадафи тавсиаи муносибот ба таври мудавом идома доштааст. “Сайид Иброҳими Раисӣ” ва “Шавкат Мирзиёев” дар сентябри 2022 дар Самарқанд, дар ҳошияи Иҷлоси Сарони Созмони Ҳамкории Шанхай дар сентябри соли 2021 дар Тоҷикистон ва дар ҳошияи Иҷлоси Сарони Ҳамкории иқтисодӣ (ОКУ) дар Ишқободи Туркманистон дар ноябри 2021 (озари 1400) дидор ва ба лузуми густариши муносиботи дукишвар таъкид карданд.

Ҳавзаи транзети ва ҳамлу нақл аз ҷумлаи заминаҳои ҳамкории Эрон бо Узбекистон аст, Эрон пули иртиботии шимолу ҷануб ва ҳамчунин шарқу ғарб маҳсуб мешавад ва метавонад Шарқи Осиё ва Осиёи Марказиро ба Аврупо ва Африқо аз тариқи заминӣ ва давраӣ мутасил ин дар ҳоле аст, ки Узбекистон ба далели маҳсур будан дар хушкӣ, барпои тиҷорат ба шиддати ниёзманд масири транзетии бо субот ва амн аст, дар ҳамин чорчӯб қарор аст дар сафари раиси Ҷумҳӯри Узбекистон ба Теҳрон, санади ҳамкори дар ҳавзаи ҳамлу нақл ва транзети имзо шавад, ки бар асоси он ба сурати фасли ҳар моҳ нишасти коргурӯҳое дар ҳавзаи зерсохтҳои ҳамлу нақлӣ баргузор хоҳад шуд.

Ҳамкори дар пружаҳои санъатӣ, петрушимии дорӯсозӣ, таҷҳизоти пизишкӣ ва фанноварӣ низ аз ҷумлаи ҳавзаҳое аст, ки акнун дар дастур мақомоти дукишвар қарор дорад ва интизор меравад дар сафари “Мирзиёев” ба Теҳрон тавофуқоте дар ин хусус сурат гирад.

Равобити рӯ ба густариши Эрон ва Узбекистон дар солҳои ахир, мутанавеъ шуда ва акнун равобити дукишвар иловабар муносиботи хуби смёсӣ, бозаргонӣ, ҳамлу нақлӣ, байналмиллалӣ ва минтақаӣ, ба ҳавзаи ҳамкориҳои парлумонӣ, донишгоҳӣ, фарҳангӣ, ҳунарӣ, гардишгарӣ ва варзишии дукишвар низ расидааст. То кунун тавофуқоти бисёр хубе низ дар камисиюни муштараки иқтисодии дукишвар ба даст омадааст, ки яке аз муҳимтарини онҳо,таҳияи нақшаи роҳ барои расидан ба тиҷорати як миллиард доллари аст.

Оморҳо низ аз афзоиши ҳаҷви тиҷорати байни Эрон ва Узбекистон ҳикоят дорад ба унвони мисол ҳаҷми равобити тиҷории дукишвар дар сол 2022, ҳудуди 435.8 миллион доллар буд, ки нисбат ба соли 2021, рушди 4.5 миллион доллариро нишон медиҳад.

Бадеҳи аст, бо таваҷҷӯҳ ба иштирокоти муътадиди фарҳангӣ ва таърихӣ, манобеъи муштарки сиёсӣ ва амниятӣ ва ҳамчунин иродаи мақомоти Эрон ва Узбекистон, метавонад ба густариши беш аз пеш равобит ва муносиботи сиёсӣ ва иқтисодии дукишвар умедвор буд. Сафари имрузи раиси Ҷумӯрии Узбекистон ба Эрон низ дар ҳамин чорчӯб ва дар ростои дастёбӣ ба тавофуқи ҷадиде барпои густариши ҳамкориҳои дукишвар, қобили арзёбӣ аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад