Инъикоси сафари вазири хориҷаи Арабистони Саудӣ дар расонаҳои ибрӣ

Як расонаи ибрӣ забон сафари Файсал Бен Фараҳон ба Ҷумҳурии исломии Эронро ба зиёни манофеи Исроил тавсиф карду навишт ин сафар нишон дод лоиҳаи Нетаняҳу барои мунзавӣ кардани Эрон дар минтақа ва ҷаҳон шикаст хӯрдааст.

Пойгоҳи ибрӣ забони “Mivzaklive” дар гузорише дар ин робита навишт: Эрон ахиран раванди танишзудоии равобит бо бисёре аз кишварҳои арабии ҳавзаи ҷанубии Халиҷи Форсро ба анҷом рисондааст, ки аз он ҷумла метавон ба густариши равобит бо Имороти Муттаҳидаи арабӣ ҳам ишора кард.

Дар бахши дигаре аз ин гузоришш омадааст: дар моҳҳои ахир Эрон расман сафорати худро дар Арабистони Саудӣ бозгушоӣ карду хабари он рӯзи 7 июн эълон шуд.

Файсали Бен Фараҳон ҳам тайи нишасти матбуотии худ дар Теҳрон гуфт, ки онҳо ин рӯзҳо дар робита бо таҷдиди фаъолияти намояндагиҳои дипломатик (сафоратхонахову консулгариҳои) ду кишвар фаъолият мекунанд ва ба зудӣ сафорати Арабистон дар Теҳрон бозгушоӣ мешавад.

Ӯ пеш аз дидор бо Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳури Эрон гуфт, ман муштоқона мунтазири дидор бо раисҷумҳур Раисӣ ҳастам то аз ӯ барои сафар ба Арабистон Даъват ба амал оварам.

Дар поёни ин гузориш ҳам таъкид шудааст,  ошкор аст, ки наздикии равобит байни Арабистони Саудӣв ва Эрон ба зиёни Исроил тамом мешавад.

Ин расона эътироф кард: Исроил муддатҳо талош кард то Эронро аз лиҳози дипломатик дар Ховари Миёна ва ҷаҳон мунзавӣ кунад, Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил ҳам чандин бор эълон кард қасд дорад дар чорчуби тавофуқномаҳои Иброҳим ба тавофуқи сулҳе бо Арабистони Саудӣ ҳам даст пайдо кунад, аммо раванди наздикӣ байни Эрон ва кишварҳои арабӣ собит кард, ки ин рӯйкард осеб дидааст.

Ба навиштаи “Mivzaklive” сафорати Арабистон дар Вашингтон ҳам ҳафтаи ҷорӣ таъкид кард, то замоне, ки масаълаи Фаластин ҳал нашавад хабаре аз созиш бо Исроил нахоҳад буд.

Дар ин байн бархе аз расонаҳои ибрӣ забон ҳам ба шакли пушаймон талош карданд, масаълаи тағйири маҳали баргузарии нишасти матбуотиро ба иддаоҳои мухталифе марбут карда ва бо пурранг кардани ин масаъла асли шикасти тарҳи Тел-Авив барои ташкили эътилофи минтақавӣ алайҳи Эронро пушти он пинҳон кунанд.

Расонаҳои ибрӣ забон бо вуҷуди онки ба баёнияи сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон дар мавриди вуҷуди ишколи фаннӣ дар салони маҳалли баргузарии нишасти матбуотиро ба шакли гузаро мунтақил карданд, аммо дар айни ҳол талош карданд то аз ин амр ба унвони аввалин ихтилоф байни ду тараф ёд карда ва иддао кунанд ҳануз мушаххас нест сафорати Арабистони Саудӣ чи замон ифтитоҳ хоҳад шуд ва кори бозсозии сафорат эҳтимолан то поёни соли 2023 идома пайдо мекунад.

Ин дар ҳолест, ки расонаҳои Арабистон имрӯз эълон карданд, намояндагиҳои дипломатики кишварашон дар Эрон баъд аз Иди Қурбон бозгушоӣ хоҳанд шуд.

Шабакаи 12 телевизиони режими саҳюнистӣ ҳам зимни такрори хати сухани расонаҳои ибрӣ забон дар робита бо маҳалли нишасти матбуотӣ ба шакли ғайри ошкор иддаоҳои дигар расонаҳои саҳюнистро такзиб карда ва гуфт: Файсал Бен Фараҳон дар нишасти матбуотии худ дар Теҳрон эълон кард, ин рӯзҳо мо барои фаъол кардани намояндагиҳои дипломатики худ чи сафорат ва чи консулгарӣ дар ҳар ду кишвар фаъол ҳастем ва ба зудӣ сафорати Арабистон дар Теҳрон бозгушоӣ мешавад.

Бен Фараҳон дар ин нишаст эълон кард ба дунболи мулоқот бо раисҷумҳур Раисӣ ҳастам то аз вай барои сафар ба Арабистони Саудӣ даъват ба амал оварам.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад