Дидори Бердимуҳаммадов бо раҳбари инқилоби исломии Эрон

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар сафари расмӣ ба ҶИЭ бо раҳбари инқилоби исломии Эрон дидор кардааст.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти пешини Туркманистон дар сафари расмӣ ба ҶИЭ бо Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари инқилоби исломии Эрон дидор кард.

Ба гузориши Tojikpress, раҳбари инқилоби исломии Эрон дар дидори раиси Шӯрои маслиҳати халқии Туркманистон фармуд: дар заминаи масоили тиҷорӣ, зарфиятҳои бештаре барои густариши ҳамкориҳо ба хусус дар бахши роҳ ва ҳавзаҳои марбут ба об, барқ ва газ вуҷуд дорад ва Ҷумҳурии Исломии Эрон омодаи ҳамкорӣ дар ин бахшҳо аст.

Оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари инқилоби исломии ҶИЭ дар дидори Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси Шӯрои маслиҳати халқии Туркманистон, Эрон ва Туркманистонро хешованд ва дорои иштирокоти фарҳангии бисёр хонд ва таъкид кард: ин иштирокҳои фарҳангӣ заминаи муҳиме барои густариши беш аз пеши равобит дар бахшҳои мухталиф ба ‍вижа дар ҳавзаҳои энергетика ва роҳ аст.

Раҳбари инқилоби исломии Эрон бо ишора ба вуҷуди садҳо донишманд ва шахсияти номовар дар рӯдхонаҳои Атрак ва Ҷайҳуни дар ду кишвар ва ҳамчунин вуҷуди мақбараи Махтумқулии Фароғӣ, шоири пуровозаи туркман дар Эрон афзуд: ин заминаҳои фарҳангиро набояд дастикам гирифт.

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо тақдир аз таваҷҷуҳи вижаи раиси Шӯрои маслиҳати халқи Туркманистон ба масоили фарҳангӣ ва динӣ ва эҳтимом барои густариши марокизи фарҳангӣ ва масоҷид илова кард: дар заминаи масоили тиҷорӣ, зарфиятҳои бештаре барои густариши ҳамкориҳо ба хусус дар бахши роҳ ва ҳавзаҳои марбут ба об, барқ ва газ вуҷуд дорад ва Ҷумҳурии Исломии Эрон омодаи ҳамкорӣ дар ин бахшҳо аст.

Эшон бо ишора ба дархости раиси Шӯрои маслиҳати халқии Туркманистон барои ҳузури мутахассисон ва коршиносони эронӣ барои эҳдоси як бузургроҳ, аз наздикии марзи Эрон ва Туркманистон то дарёи Хазар, афзуд: Вазорати роҳи Эрон тавоноии эҳдоси ин бузургроҳро дорад, зимни онки бо таваҷҷуҳ ба ҷойгоҳи муҳими иртибототи заминӣ ва рейлӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ, мо мусаммам ба такмили масири транзитӣ шимол ба ҷануб ҳастем, ки метавонад Туркманистон ва кишварҳои атрофи анро ба дарёи Уммон муттасил кунад.

Раҳбари инқилоби исломии Эрон густариши равобитро ба нафъи ду кишвар донистанд ва бо изҳори хушбинӣ нисбат ба ояндаи равобит, таъкид кард: ҳамкории беш аз пеши Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Туркманистон заминасози рушди ҷойгоҳи ду кишвар дар дунёи дар ҳоли таҳаввул хоҳад буд.

Дар ин дидор, ки Омулии Лориҷонӣ, раиси маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми ҶИЭ низ ҳузур дошт, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси Шӯрои маслиҳати халқии Туркманистон бо изҳори хурсандӣ аз дидор бо раҳбари инқилоби исломии Эрон гуфт: ман ҳамвора дар тӯли солҳои гузашта ва дар даврони раёсатҷумҳурии худ, дар сафарҳое, ки ба Эрон доштам аз дидгоҳҳо ва тавсияҳои ҷаноби олӣ бисёр истифода кардам ва бар асоси он тавсияҳо корҳои муҳимме анҷом гирифтааст ва дар ин дидор низ ба дунболи баҳрагирӣ аз тавсияҳо барои анҷоми тарҳҳои бузург дар Туркманистон ҳастам.

Вай бо ишора ба музокироти худ бо масъулони ҶИЭ афзуд: дар ин музокирот тавофуқҳои хубе барои густариши ҳамкориҳо ба вижа истифода аз тавони мутахассисон ва коршиносони эронӣ дар сохти роҳ ва ҳавзаҳои об, барқу газ анҷом гирифт.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад