Шикасти Исроил дар тарҳи оддисозии равобит бо Саудӣ

Бо таваҷҷӯҳ ба рӯйдодҳои ахири ба назар мерасад, ки Исроил дар тарҳи оддисозии равобиташ бо Арабистони Саудӣ шикаст хӯрдааст.

Як расонаи саҳюнистӣ бо иддаои инки Исроил шартҳои Арабистони Саудӣ барои эҷоди равобити дипломатикро рад кардааст, изҳор дошт, ки тавофуқ байни тарафайн баъид ба назар мерасад.

Рӯзномаи саҳюнистии Ҳооретс ба нақл аз манобеи исроилӣ эълон кард, ки Исроил ду шарти Арабистони Саудӣ барои оддисозии равобитро рад кард.

Бар асос гузориши ин расонаи саҳюнистӣ, Арабистони Саудӣ ин ду шартро дар ҷараёни гуфтугӯ бо Ҷо Бойден, раисҷумҳури Амрико баён карда буд.

Манобеи саҳюнистӣ таъкид карданд, ки дархости Арабистони Саудӣ барои ҳимояти Амрико аз барномаи ҳастаии Риёз, шонси оддисозии равобит байни ду тарафро ба хатар андохтааст ва як монеъ барои бархе иқдомот монанд парвози мустақим байни Арабистон ва Исроил (сарзаминҳои ишғолӣ) барои интиқоли ҳоҷиёни фаластинӣ дар айёми Ҳаҷ мешавад.

Рӯзномаи Ҳооретс навишт, ки ду мушкили аслӣ дар оддисозии равобит бо Арабистон вуҷуд дорад, ки марбут ба дархости Риёз барои дастёбӣ ба таслиҳоти пешрафтаи амрикоӣ ва мувофиқати Амрико бо барномаи ҳастаии ғайринизомии Арабистони Саудӣ аст.

Бар асоси гузориши ин рӯзнома, дархости Арабистони Саудӣ барои доштани барномаи ҳастаӣ сабаби нигаронии Исроил ва Амрико шудааст.

Ба гуфтаи ин манбаи саҳюнистӣ, Ҷо Бойден мехоҳад оддисозии равобити Исроил ва Арабистон анҷом шавад ва аз он ба унвони як дастоварди байналмилалӣ дар интихоботи президентии Амрико истифода кунад; аммо ба шарте, ки баҳои он, барномаи ҳастаӣ барои Арабистон набошад.

Ҳафтаи гузашта Ноҳум Беренё, таҳлилгари рӯзномаи саҳюнистии Ядъут Оҳоронт эълон кард, ки қимати оддисозии равобити Риёз бо Телавив шомили тазмини амниятии Амрико ва ҳимояти ин кишвар аз барномаи ҳастаӣ ғайринизомии он аст ва Арабистони Саудӣ барои аҳдофи сулҳомез вориди бошгоҳи ҳастаӣ мешавад ва ниме аз ин тақозо марбут ба фаластиниҳо аст.

Пеш аз ин маҷаллаи Амрикоии Иксиюс эълон кард, ки давлати Амрико иқдомотеро барои оддисозии равобит байни Арабистони Саудӣ ва Исроил ба ҷараён андохтааст ва манобеи огоҳ эълон карданд, ки Кохи сафед мехоҳад дар шаш то ҳафт моҳи оянда ва қабл аз оғози рақобатҳои интихоботи президентӣ, тавофуқи Арабистон ва Исроил барои эҷоди равобити дипломатикро ба даст оварад.

Натоиҷи як назарсанҷӣ, ки тавассути маркази мутолиоти Вашингтон бар рӯи ҳазорон шаҳрванди Саудӣ анҷом шуд, бори дигар ноумедии маҳфилҳои саҳюнистҳоро дар оддисозии равобит бо Арабистони Саудӣ ошкор кард.

Рӯзномаи саҳюнистии Исроил Ҳиюм эълон кард, ки бисёре аз саудиҳо мӯътақиданд, ки оддисозии равобит бо Исроил дар масири нузулӣ қарор дорад ва ин маънои онро дорад, ки аксари саудиҳо оддисозии равобит бо Исроилро ба таври комил ва ҳамчунин ҳамкорӣ бо Исроил алайҳи Эронро рад мекунанд.

Ахиран созмони пахши радио ва телевизиони режими саҳюнистӣ (Кон) дар гузорише эълон кард, ки баъид аст масъулони исроилӣ битавонанд Арабистони Саудиро дар соли 2023 барои оддисозии равобит бо Телавив мутақоид кунанд.

Шабакаи 11 телевизионии режими саҳюнистии Кон таъкид кард, ки чашмандози равшане дар хусуси пешрафти чашмрас дар бораи оддисозии равобити Телавив ва Риёз дида намешавад ва интизор намеравад, ки ин масъала дар моҳҳои оянда ва ба зудӣ ва ҳатто то поёни соли 2023 анҷом гирад.

Рӯзномаи Раъй ал-явм низ пеш аз ин дар гузорише навишт, ки режими саҳюнистӣ акнун дар матбуоти худ ин гуна таблиғ мекунад, ки сафари мақомоти амрикоӣ ба Арабистони Саудӣ, бо ҳадафи эҳёи умедҳои саҳюнистҳо барои оддисозии равобити Арабистон бо режими Исроил ва пайвастан ба тавофуқи мавсум ба «Иброҳим» аст. Оё Амрико метавонад Риёзро ба самти оддисозии равобит бо режими савқ диҳад, ки нафасҳои охири худро мекашад ва бо як ҷанги сиёсии дохилӣ ва амалиётҳои муқовиматӣ рӯ ба рӯ аст? Амалиётҳое, ки ба амнияти ин режем халал ворид карда ва нотавонии гунбади оҳанин дар муқобила бо мушакҳои муқовиматро нишон додааст.

Рӯзномаи мазкур таъкид кард, ки Риёз дар замони давлати Доналд Трамп Амрико муддаӣ буд, ки равобити худро бо режими саҳюнистӣ оддӣ хоҳад кард; аммо ба самти ҷойгузини муносибе рафт ва равобити худро бо Маскав, Пекин ва Теҳрон тақвият кард, ки ба эътиқоди нозирон ва коршиносон, Арабистони Саудӣ, Амрико ва режими саҳюнистиро фиреб дод».

Арабистони Саудӣ, Эрон ва Чин рӯзи ҷумъа даҳуми марти 2023 дар баёнияи муштарак эълон карданд, ки дар натиҷаи гуфтугӯҳои анҷомшуда, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва подшоҳи Арабистони Саудӣ тавофуқ карданд давоми ҳаддиаксар ду моҳ, равобити дипломатики худро аз сар бигиранд ва сафоратхонаҳо ва намояндагиҳоро бозкушоӣ кунанд.

Ба думболи ин тавофуқ расонаҳо ва маҳфилҳои амрикоӣ нигаронии худро аз раванди таҳаввулоти минтақаи ғарби Осиё, ки бархилофи хости Амрико пеш меравад, иброз кардаанд.

Бисёре мӯътақиданд, ки фосилаи нисбии Арабистон аз Амрико метавонад Саудиҳоро аз фишорҳои Иёлоти Муттаҳида барои тавофуқе бо режими саҳюнистӣ раҳо кунад. Ба вижа инки Чин дар ин замина ҳеҷ фишоре ба Риёз ворид намекунад ва бархилофи Амрико оддисозӣ бо Исроилро шарти ҳамкорӣ бо Арабистон намедонад ва асосан алоқае ба парвандаи Исроил дар минтақа надорад.

Аз сӯи дигар дар шароите, ки саҳюнистҳо ва бархе расонаҳои ҳампаймони ғарб дар минтақа, Арабистони Саудиро дар саффи оддисозии равобит бо Исроил медонистанд, Арабистони Саудӣ бо миёнаравии Чин, тайи тавофуқномае бо азсаргирии равобити худ бо Эрон, ҳамагонро ғофилгир кард. Нахустин гумонае, ки тавофуқи Эрон ва Арабистон он ҳам бо миёнаравии Чин ба зеҳнҳо овард ин буд, ки Арабистон аз масире, ки дар он қарор гирифта буд, бозгаштааст, ба самти ҳампаймонҳои ҷадид дар минтақа ҳаракат кардааст. Тарҳи оддисозии равобит Саудиҳо бо режими саҳюнистӣ бо тавофуқи Эрон ва Арабистон ва тавсеаи равобити Арабистон пас аз он бо аъзои меҳвари муқовимат ба таври куллӣ дар бунбаст қарор гирифтааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад