Судури 1000 визаи муҳоҷирати Амрико барои шаҳрвандони кишвар

Сафорати Амрико тайи 8 моҳи гузашта барои шаҳрвандони кишвар 1000 визаи муҳоҷират содир кардааст.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, сафорати Амрико дар кишвар дар иттилоияе эълом кард тайи 8 моҳи гузашта 1000 визаи муҳоҷирати Амрико барои шаҳрвандони кишвар содир кардааст.

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон дар 4 октиябри 2022 иқдом ба додани визаи муҳоҷират барои шаҳрвандони ин кишвар кард. Дар Душанбе судури визаи муҳоҷирати Иёлоти Муттаҳида аз 4 октиябр 2022 оғоз шудааст.

Пеш аз ин визаи муҳоҷират барои шаҳрвандон ва сокинони кишвар тавассути сарконсулгарии Амрико дар шаҳри “Алмаато”-и Қазоқистон содир мешуд.

“Мануэл Микаллер” сафири Амрико тайи маросиме, ки ба муносибати судури ҳазорумин раводиди муҳоҷирати кишвараш баргузор шуд, эҷоди тасҳилот дар амри дарёфти ин навъ виза тавассути шаҳрвандони Тоҷикистонро гоми таърихӣ барои равобити дӯстона миёни ду кишвар тавсиф кард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад