Мулоқоти Раҳмон бо президентҳои ФИФА ва АФК

Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷованни Инфантин ва президенти ФИФА ва ҳамчунин президенти АФК мулоқот кард.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Ҷованни Инфантин, президенти Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияи футбол (ФИФА) ва Салмон бин Иброҳим Ал-Халиф, президенти Конфедератсияи футболи Осиё (АФК) мулоқот кард.

Ҷонибҳо ба масоили такмили пойгоҳи зерсохтории футбол дар Тоҷикистон, дурнамои рушди футболи кӯдакону наврасон ва бонувон таваҷҷуҳи хосса зоҳир кардаанд.

Ба гузориши дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар ин дидор дар Қасри миллат доир гардид.

Манбаъ афзудааст: “Дар рафти суҳбат ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ин сохторҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва минтақавии футбол муҳокима гардиданд”.

Ҳамзамон мавқеи футбол дар ҷомеаи Тоҷикистон ва оммавигардонии ин намуди машҳури варзиш дар кишвар, ҳамчунин, тадбирҳои аз ҷониби ҳукумат ва ФФТ бо мақсади рушди минбаъдаи футбол андешидашаванда мавриди гуфтугӯ қарор доштанд.

Ҷонибҳо аз сатҳ ва муҳтавои ҳамкории ФФТ бо ФИФА ва КФО изҳори қаноатмандӣ карда, ба масъалаҳои такмили минбаъдаи пойгоҳи зерсохтории футбол дар Тоҷикистон, дурнамои рушди футболи кӯдакону наврасон ва бонувон, инчунин бозии футбол дар толор (футзал) таваҷҷуҳи хосса зоҳир кардаанд.

Президенти Тоҷикистон ба созмонҳои ҷаҳониву минтақавӣ барои дастгирии пайвастаашон изҳори миннатдорӣ карда, гуфтааст, ки барои тақвияти ҳамкориҳо талоши бештар хоҳанд кард.

Ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон ба намояндагони футболи ҷаҳонӣ аз дастовардҳои кишвар барои бунёти майдону толорҳои варзишӣ ва барномаҳои давлатӣ барои рушди соҳа гузориш додааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад