Вокуниши муқовимати Фаластин ба шаҳодати Хизр Аднон; Ин ҷиноят беҷавоб намемонад

Ҳамзамон бо интишори хабари шаҳодати асири фаластинӣ пас аз 86 рӯз эътисоби ғизо, чандин ракет аз навори Ғазза ба сӯи шаҳракҳои саҳюнист нишин шиллик шуд ва муқовимат эълом кард, ки ин ҷиноятро бепосух намегузорад.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, шаҳодати “Хизр Аднон”, асири фаластиние, ки имрӯз пас аз 86 рӯз эътисоби ғизо ҷонашро аз даст дод, бо вокуниш шадиди гурӯҳҳои муқовимати Фаластин ҳамроҳ шуд.

Хизр Аднон (44 сола) аз аъзои ҷунбиши Ҷиҳоди исломии Фаластин буд, ки дар эътироз ба боздошти худсаронаи худ ба дасти ишғолгарони саҳюнистӣ эътисоби ғизо карда буд ва дар вазъияти ҷисмонии номуносибе ба сар мебурд ва борҳо дар бораи вахомати авзоъи ҷисмонии ӯ ба ишғолгарон ҳушдор дода шуда буд. Вай аз ҳафтаи пеш дар пайи вахим шудани авзоъи ҷисмӣ ба бемористон мунтақил шуд, аммо режими саҳюнистӣ иҷоза надод, ки ҳеҷ як аз вукало, пизишкон ва ё тарафҳои ҳуқуқӣ бо вай тамос ва аз авзоъи саломатиаш бо хабар шаванд.

Партоби ракета ба сӯи шаҳракҳои саҳюнист нишин

Имрӯз пас аз интишори хабари шаҳодати ин асири фаластинӣ, манобеи расонаӣ аз партоб се ракета ба сӯи шаҳракҳои саҳюнист нишини навори Ғазза хабар доданд.

Сухангӯи артиши режими саҳюнистӣ низ аз ба садо даромадани ожири ҳушдори мушакӣ дар шаҳракҳои саҳюнист нишини атрофи навори Ғазза хабар дод ва гузоришҳои хабари шиллики се ракета ба сӯи ин шаҳракҳоро таъйид кард.

Артиши режими саҳюнистӣ иддао кард, ки ин ракетаҳо мӯҷиби фаъол шудани гунбади оҳанин нашудааст.

Лағви тамрини низомии саҳюнистҳо дар наздики навор Ғазза

Аммо пас аз он, расонаҳои саҳюнистӣ аз лағви тамрини низомии ишғолгарон, ки қарор буд субҳи имрӯз дар наздикии навори Ғазза баргузор шавад, хабар доданд ва эълом карданд, ки ин барнома ба далели ҳарос аз вокуниши муқовимати Фаластин ба шаҳодати Хизр Аднон лағв шудааст ва артиш худро барои эҳтимоли ташдиди таниш дар навори Ғазза, омода мекунад.

Даргирии усарои фаластинӣ бо зиндонбонони Офер

Дар пайи эъломи хабари шаҳодати “Хизр Аднон”, зиндони Офер шоҳиди таниш ва даргирӣ миёни усарои фаластинӣ ва зиндонбобони саҳбнист шуд ва ин иқдом пас аз он сурат гирифт, ки як асири фаластинӣ иқдом ба рехтани равғани доғ бар рӯи як афсари низомии саҳюнист кард.

Ҷунбиши Ҷиҳоди исломӣ: Муқовимат бо қотеъият идома меёбад

Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин дар пайи шаҳодати ин асири фаластинӣ эълом кард: «Хизр Аднон, асири озода ва қаҳрамони фаластинӣ дар ҷинояте, ки душман дар муқобили чашми ҷаҳониён мураттабк шуд, ба дараҷаи шаҳодат ноил омад. Душмане, ки бо беадолатӣ ва терроризм мувофиқ аст ва бар рӯи он сарпӯш мегузорд.

Ин ҷунбиш дар баёнияи худ эълом кард: «шаҳодати Хизр Аднон ба унвони як раҳбари [муқовимат], мактабе барои наслҳои мардони шуҷоъ хоҳад буд ва мо то замоне, ки Фаластин дар ишғол аст, роҳи ҷиҳод ва муқовиматро тарк нахоҳем кард».

Ҷиҳод исломӣ таъкид кард: «ин шайхи мубориз ҳеҷгоҳ аз зери бори масъулияташ дар ҳимоят аз ҳақ ва дифоъ аз мардумаш фирор накард ва лаҳзоти умри худро дар роҳи дифоъ аз муқаддасоташ гузаронд. Мо ҳамвора мубориза кардаем ва мекунем ва ин мубориза мутаваққиф нахоҳад шуд ва душмани ҷинояткор бори дигар мутаваҷҷеҳ хоҳад шуд, ки ҷиноёти ӯ бепосух нахоҳад монд. Муқовимат бо тамоми қудрат, қотеъият ва устуворӣ идома хоҳад ёфт».

Ҷунбиши Муҷоҳидин: Душмани ишғолгар масъули табаоти шаҳодати “Хизр Аднон” аст

Ҷунбиши фаластинии “Муҷоҳидин”, дигар гурӯҳи муқовимат низ эълом кард: «душмани саҳюнистӣ масъули ин ҷиноят дар ҳаққи Хизр Аднон аст ва бояд масъулияти куллияи табаоти мутараттиб бар ин ҷиноятро бипазирад».

Ҳамос: Наметавон бидуни посухи мушобеҳ аз ҷинояти террори Хизр Аднон гузашт

«Ҳозим Қосим» сухангӯи ҷунбиши муқовамати Ҳамос низ эълом кард: «ин ҷиноят як эъдоми хунсарона аст, ки тавассути созмони зиндонҳои [режими саҳюнистӣ ] алайҳи асири шаҳид Хизр Аднон анҷом шудааст. Мардуми Фаластин ба мо нишондодаанд, ки наметавон аз ин ҷиноят бидуни посухи мушобеҳ гузашт».

Қисматҳое аз васиятномаи шаҳид “Хизр Аднон”

Ман дар ҳоле ин калимотро менависам, ки гӯшти баданам об шуда ва заъфи баднӣ тамоми вуҷудамро дар зиндон Рамла гирифтааст. Аз ҳамсар ва фарзандонам мехоҳам ҳамеша ҳарфи ҳаққро бигӯянд ва ба усули дин пойбанд буда ва бидонанд, ки беҳтарин манозил дар Фаластин, манозили шуҳадо, усаро, маҷрӯҳон ва афроди солеҳ аст.

رژیم صهیونیستی تاوان جنایت علیه «خضر عدنان» را پرداخت خواهد کرد

Агар шаҳид шудам иҷоза ндҳед ишғолгарони саҳюнист бадани манро колбуд шикофӣ кунанд. Рӯи қабрам бинависед бандаи муҳтоҷи Худо. Як қабри содда барои ман интихоб кунед. Умедворам Худованд қабрҳои моро боғе аз биҳишт қарор диҳад.

Шаҳид “Хизр Аднон” хитоб ба миллати Фаластин навиштааст: ба пирӯзӣ аз ҷониби Худованд итминон дошта бошед. Фаластин сарзамини Худованд ва мо аст. Ҳарчиқадр ишғолгарон ба ҷиноёти худ ва зулм ва ситамашон идома доданд шумо ноумед нашавед. Пирӯзӣ аз ҷониби Худо наздик аст. Ба ҳамаи хонаводаҳои шуҳадои Фаластин ва усаро дуруд мефиристам.

وعده پیروزی خداوند نزدیک است/فلسطین به ما تعلق دارد

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад