Тамоми гузинаҳо барои муқовимат дар вокуниш ба шаҳодати “Хизр Аднон” боз аст

Дабири кулли Ҷунбиши Ҷиҳоди Исломӣ бо баёни инки мо роҳи шаҳодатро бо иродаи худ интихоб кардем эълом кард, ки роҳи ҷиҳод ва муқовиматро то озодии сарзаминамон аз чанголи қотилон ва ҷинояткорони саҳюнист раҳо нахоҳем кард.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, Зиёд Нахола, дабири кулли ҷунбиши Ҷиҳоди Исломии Фаластин имрӯз сешанбе ба шаҳодати Хизр Аднон, асири фаластинӣ ва аз раҳбарони Ҷиҳоди Исломии Фаластин, ки дар зиндони режими Исроил баъд аз 86 рӯз эътисоби ғизо ба шаҳодат расид, вокуниш нишон дод ва эълом кард, ки роҳи шаҳодатро бо иродаи худ интихоб кардаем ва шайхи Хизр Аднон низ ин гузинаро интихоб кард.

Дабири кулли Ҷунбиши Ҷиҳоди Исломӣ афзуд: ҳар рӯзе, ки бар таърихи миллати мо мегузарад, муайиди ин матлаб аст, ки пирӯзии мо ба изни Худованд фаро хоҳад расид. Иродае, ки шайхи Хизр Аднон онро дар набарди тӯлонӣ, рӯёрӯӣ мустақим бо душман ва шаҳодати шарофатмандонаи хеш муҷассам кард, медали ифтихор бар синаи миллати шуҷоъи Фаластин аст.

Зиёд Нахола идома дод: муборизаи мустамар, пойдорӣ ва пофишории бар ҳаққи мусаллами худ дар Фаластин унвони ҷиҳод мост, ки бо таваҷҷӯҳ ба фидокориҳо мутаваққиф нахоҳад шуд ва ин беш аз ҳар замони дигаре вазифаи мустамари мост.

Дабири кулли Ҷунбиши Ҷиҳоди Исломӣ изҳор дошт: мо имрӯз ба ҳамаи шуҳадо ва шайхи Хизр Аднон” ва касоне, ки ба хайли шуҳадои пок хоҳанд пайваст вафодорем ва роҳи ҷиҳод ва муқовиматро то озодии сарзаминамон аз чанголи қотилон ва ҷинояткорони саҳюнист раҳо нахоҳем кард.

Вай афзуд: биёед ба масъулияте, ки Худованд барои озодии Қудс ва Фаластин ва берун рондани муҳоҷимони қотил аз кишвар ва сарзамини худ ба мо супурдааст, амал кунем.

Омодагии гурӯҳҳои фаластинӣ барои посух ба террори шайх Хизр Аднон

Ториқ Салмо, сухангӯи Ҷунбиши Ҷиҳоди Исломии Фаластин низ ба шаҳодати Хизр Аднон, асири Фаластиние, ки баъд аз 86 рӯз эътисоби ғизо ба шаҳодат расид вокуниш нишон дод ва эълом кард: шаҳодати шайх Хизр Аднон бидуни посух нахоҳад буд ва муқовимат дар баробари ишғолгарон бо тамоми қудрат ва ирода идома хоҳад дошт.

Ториқ Салмо бо таъкид бар инки тамоми гузинаҳо барои муқовимат дар вокуниш ба террори шайх Хизр Аднон боз аст, гуфт: душмани исроилӣ дар масъалаи эътисоби ғизои шайх Хизр Аднон тааллул кард то ӯро бикушад.

Сухангӯи Ҷунбиши Ҷиҳоди Исломӣ дар идома афзуд: шаҳодати Хизр Аднон бар ҷиноёти режими саҳюнистӣ алайҳи усарои фаластинӣ гувоҳӣ медиҳад.

Ториқ Салмо ҳадафи режими саҳюнистӣ аз террори шайх Хизр Аднонро тазъиф ва куштани рӯҳияи муқовимат дар Каронаи Бохтарии ишғолӣ унвон кард ва гуфт, ки душман шикаст хоҳад хӯрд.

Сухангӯи Ҷиҳоди Исломӣ идома дод: душман дар буҳрони дохилӣ ба сар мебарад ва бо ҷиноёти худ алайҳи усаро ва миллати Фаластин ба думболи хориҷ шудан аз он буҳрон аст.

Ториқ Салмо афзуд: гурӯҳҳои фаластинӣ барои посух ба террори шайх Хизр Аднон дар омодагии комил ҳастанд ва муқовимат таъйин кунандаи замон ва равиши муқобила бо душмани исроилӣ аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад