Маскав: Мо 200 тонна лавозимоти ҷангии артиши Украинаро нобуд кардем

Вазорати дифоъи Русия эълом кард, ки дар бомбаборони як қатор дар минтақаи Донетск, 200 тонна лавозимоти ҷангии артиши Украина нобуд шудааст.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, вазорати дифоъи Русия рӯзи якшанбе хабар дод, ки 200 тонна лавозимоти ҷангии артиши Украинаро нобуд кардааст.

Бар асоси эъломи вазорати дифоъи Русия, дар бомбаборони як қатор дар Краматорск дар минтақаи Донетск, 200 тонна лавозимоти ҷангии артиши Украина нобуд шуд.

Ҷанги Русия ва Украина ҳамчунон идома дорад ва кишварҳои ғарбӣ ба саркардагии Амрико бо тамоми имконоти худ дар ҳоли ҳимоят ва пуштибонӣ аз Киев ҳастанд. Амрико беш аз 35.4 миллиард доллар таслиҳот аз оғози ҷанги Украина дар феврали 2022 ба Киев ироа карда ва Иттиҳодияи Аврупо низ 13.3 миллиард доллар ба ин кишвар кумак кардааст; Бо ин ҳол, муовини вазири хориҷаи Украина муддаӣ аст кишвараш ба 10 баробари ин кумакҳо барои поён додан ба «таҷовузи Русия» дар соли ҷорӣ ниёз дорад.

Бар асоси иттилоияе, ки рӯи веб-сайти давлати Англис қарор гирифта, Биритониё қасд дорад мушакҳои дурбурдро дар чорчуби сандуқи байналмилалӣ барои Украина, ки Лондон ҳидояти онро бар уҳда дорад, харидорӣ кунад.

Феҳристи таҷҳизот ва муҳиммоте, ки вазорати дифоъи Англис қасд харидории он барои Украина дар ояндаи наздикро дорад, шомили мушакҳо ё ракетҳои замин, дарё ва ҳавопартоб бо бурди 100 то 300 километр ва қобилияти ҳамли 20 то 490 килограм аст.

Владимир Путин раиси ҷумҳури Русия авоили имсол дар суханронии худ дар парлумони ин кишвар гуфт: шароит бояд барои ҳама равшан бошад. Ҳар чи сомонаҳои ғарбии дурбурдтаре ба Украина ирсол шавад, маҷбӯр хоҳем шуд таҳдидро аз марзҳои худ бештар дур кунем.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад