Тавсеаи ҳамкориҳои низомии Узбакистон ва Озарбойҷон

 Узбакистон ва Озарбойҷон барномарезӣ кардаанд, ки ҳамкориҳои низомӣ ва фаннии худро густариш диҳанд.

Узбакистон ва Озарбойҷон барномарезӣ кардаанд, ки ҳамкориҳои низомӣ ва фаннии худро густариш диҳанд.

Узбакистон ва Озарбойҷон барномарезӣ кардаанд, ки ҳамкориҳои низомӣ ва фаннии худро беш аз пеш густариш диҳанд.

Бар асоси фармони имзошуда тавассути Шавкат Мирзёев, раисҷумҳури Узбакистон, қарордод байни ин кишвар ва Озарбойҷон дар мавриди густариши ҳамкориҳои низомӣ (Тошканд 21-уми июни соли 2022) ва қарордоди густариши ҳамкориҳои низомӣ ва фаннӣ (Тошканд, 21 –уми июн соли 2022) ба тасвиб расид.

Пештар сенаторҳо дар чорчуб сиюнӯҳумин иҷлоси сано, қавонини Узбакистонро дар мавриди “қарордоди ҳамкорӣ байни Узбакистон ва Озарбойҷон дар заминаи ҳамкориҳои низомӣ” ва “тасвиби қарордод байни Узбакистон ва Озарбойҷон дар мавриди ҳамкории фаннӣ ва низомӣ”-ро баррасӣ ва тасвиб карданд.

Ҳар ду санад барои имзо ба Шавкат Мирзёиф, раисҷумҳури Узбакистон ирсол шудааст.

Руасои ҷумҳури ду кишвар ин қарордодҳоро рӯз 21 июн сол 2022  дар чорчуби сафари Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон ба Узбакистон имзо карданд.

Ба ақидаи сенаторҳо, тасвиби ин қарордодҳо ба тавсеаи равобити дуҷониба ҷаҳиши тозае хоҳад дод ва барои таҳкими амнияти минтақаӣ кумак мекунад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад