Омодагии ҷангии пойгоҳҳои Русия дар Тоҷикистон афзоиш меёбад

Вазири дифои Русия гуфт: ин кишвар дар буҳбуҳаи талошҳои Амрико ва муттаҳидонаш барои бозгардондани ҳузури низомии худ дар Осиёи Марказӣ, омодагии ҷангии пойгоҳҳои худ дар Тоҷикистон ва Қирғизистонро афзоиш медиҳад.

Сергей Шойгу, вазири дифо Русия гуфт: ин кишвар дар буҳбуҳаи талошҳои Амрико ва муттаҳидонаш барои бозгардондани ҳузури низомии худ дар Осиёи Марказӣ, омодагии ҷангии пойгоҳҳои худ дар Тоҷикистон ва Қирғизистонро афзоиш медиҳад.

Вай дар нишасти имрӯзи вузарои дифои Шанхай дар Деҳлии Нав гуфт: Амрико ва муттаҳидонаш ба баҳонаи кумак дар заминаи мубориза бо терроризм дар талош барои бозгардондани ҳузури низомии худ дар Осиё Марказӣ ҳастанд.

Вазири дифои Русия идома дод: дархостҳои Амрико аз кишварҳои минтақа барои истиқрори зерсохтҳои низомиро таҳдиди мустақим барои субот дар фазои Созмони Ҳамкории Шанхай медонем.

Вай афзуд: мо омодагии ҷангии пойгоҳҳои низомии Русия дар Қирғизистон ва Тоҷикистон ва ҳамчунин соири неруҳои посухгӯ ба чолишҳои эҳтимолиро афзоиш медиҳем.

Шоигў дар идома ҳамчунин хотирнишон кард: кишварҳои НАТО дар натиҷаи ҳузури 20-солаи худ дар хоки Афғонистон ва пас аз он ақибнишинии сареъ, бештарин масъулиятро дар баробари авзоъ дар он кишвар бар уҳда доранд.

Вай тасреҳ кард: Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои НАТО бояд ҳазинаҳои молии асосии бозсозӣ пас аз ҷанг дар Афғонистонро бар уҳда бигиранд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад