Артиши Украина манотиқи истиқоматии Донетскро бо 150 мушак бомбаборон кард

Мақомоти маҳаллии минтақаи Донетск эълом карданд неруҳои артиши Украина дар шабонарӯзи гузашта манотиқи маскунии ин минтақаро бомбаборон карданд.

Мақомоти маҳаллии минтақаи Донетск эълом карданд неруҳои артиши Украина дар шабонарӯзи гузашта манотиқи маскунии ин минтақаро бомбаборон карданд.

Ба гузориши хабаргузораши “Спутник”, дар идомаи ҳамалоти мушакии артиши Украина ба манотиқи маскунӣ, мақомоти маҳаллии минтақаи Донетск эълом карданд неруҳои артиши Украина дар шабонарӯзи гузашта 34 бор ва бо шиллики 150 мушак бо калибрҳои мухталиф, манотиқи маскунии шаҳри Донетск ва манотиқи перомунии онро бомбаборон карданд.

Дафтари намояндагии ҷумҳурии халқи Донетск дар маркази муштараки назорат ва ҳамоҳангии парвандаҳои марбут ба ҷиноёти ҷангӣ дар Украина бо интишори ин хабар афзуд рӯзи ҷумъа низ, 23 амалиёти бомбаборон сабт шуд ва неруҳои украинӣ ҳамчунон ба бомбаборони маҳаллаҳои маскунӣ ва зерсохтҳо дар манотиқ ва шаҳрҳои ҷумҳурии халқи Луганск, Донетск, Запорожё ва Херсон идома медиҳанд.

Гузоришҳои аввалия нишон медиҳад дар натиҷаи ин ҳамалоти мушакӣ дасти кам як нафар кушта ва 6 нафари дигар низ захмӣ шуданд.

Устони Донетск ба ҳамроҳи устонҳои Луганск, Херсон ва Запорожё дар шарқи Украина авоили октиябри порсол бо баргузории ҳамапурсӣ расман ба хоки Русия изофа шуданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад