Дар Судон чӣ мегузарад?

Дар Судон дар натиҷаи задухӯрдҳо байни артиши Судон ва неруҳои зудамал ҳудуди 100 сокини осоишта кушта ва 595 кас ҷароҳатдор шудаанд.

Дар Судон дар натиҷаи задухӯрдҳо байни артиши Судон ва неруҳои зудамал ҳудуди 100 сокини осоишта кушта ва 595 кас ҷароҳатдор шудаанд.

Бар асоси гузориши манобеи хабарӣ, бо истинод ба Кумитаи Марказии Табибони Судон, даргириҳо аз 13-уми апрел то ба имрӯз идома дошта, замоне авҷ гирифтанд, ки артиши Судон як пойгоҳи неруҳои зудамал дар шаҳри Омдурман дар наздикии Хартумро бо ҳамлаи ҳавоӣ ҳадаф қарор дод.

Гуруҳи тундрав Қасри президент, Қароргоҳи фармондеҳи артиш, телевизиони давлатӣ ва фурудгоҳҳои шаҳрҳои Хартум, Марвӣ, Ал-Фашер ва Дорфури Ғарбиро зери назорат гирифтаанд.

Ин даргириҳо дар ҳоле рух медиҳанд, ки гурӯҳҳои сиёсӣ дар Судон дар пайи табаддулоти низомии моҳи гузашта дар ин кишвар талош доранд ҳукумати давраи гузаришро ташкил кунанд.

Шоҳидони айнӣ гузориш додаанд, ки то субҳи якшанбе ба вақти маҳаллӣ дар манотиқи мухталифи Хартум, Омдурмон ва Борсудон садоҳои шадиди тир шунида шудааст.

Айни ҳол дар як қатор музофоти Судон задухӯрдҳо давом доранд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин кор сахт дар ташвиш афтодааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад