Зидди ҳамлаи баҳории Украина ба нафъи Русия тамом хоҳад шуд

Зидди ҳамлаи баҳорӣ аз сӯи Украина ба нафъи Русия хоҳад буд зеро неруҳои Маскав фурсати ҷанг дар шароити мусоидтарро хоҳанд дошт.

Раиси ҷумҳури худмухтори Чичен бо ишора ба барномаҳои мафрузи Украина барои шурӯъи як зидди ҳамла дар баҳор, гуфт чунин иқдоме ба нафъи Русия хоҳад буд зеро неруҳояш фурсати ҷанг дар шароити мусоидтарро меёбанд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Рамазон Қодиров”, раиси ҷумҳури Чичен шанбе (ҳаштуми апрел) гуфт зидди ҳамлаи баҳорӣ аз сӯи Украина, ки дар бораи он зиёд гуфта шуда, ба нафъи Русия хоҳад буд зеро неруҳои Маскав фурсати ҷанг дар шароити мусоидтарро хоҳанд дошт.

Ба гузориши “Роша Тудей”, вай дар як паёми телеграммаӣ гуфт аз “Таҳлилҳои беасос” ва нигаронӣ дар бораи барномаи мафрузи Киев барои шурӯъи як ҳамла, ки ба таври густурда интизор меравад зарфи чанд ҳафта оғоз шавад, мутааҷҷиб шудааст.

Вай афзуд: шахсан хостори он ҳастам. Як зидди ҳамлаи муваффақ ниёзманди манобеи қобили таваҷҷӯҳ аст; Талафот дар байни ҳамла кунандагон ғайриқобили иҷтиноб аст. Дар айни ҳол, мо мавозеъи мусоид ва маҳкам гирифтаем.

Раиси ин ҷумҳурии худмухтори Русия дар идома бо баёни ин, ки Маскав тактикҳои худро иртиқо дода ва метавонад монаврҳои Украинаро дар майдони ҷанг пешбинӣ кунад, гуфт «мавзеъи дифоӣ неруҳои мо ба мо ин имконро медиҳад аз манобеъи камтаре истифода кунем».

Рамазон Қодиров, ки неруҳояш дар Украина барои Русия меҷнганд ахиран пешбинӣ кард ҷанги Украина то поёни соли ҷории мелодӣ ва бо пирӯз шудани қувои Русия поён хоҳад ёфт.

Ӯ дар як мусоҳиба баён кард: «ғарб ба зону дархоҳад омад, ва тибқи маъмул, кишварҳои аврупоӣ маҷбӯр хоҳанд шуд дар ҳамаи ҳавзаҳо бо Федератсияи Русия ҳамкорӣ кунанд. Ҳеҷ натиҷаи дигаре ғайр аз ин вуҷуд нахоҳад дошт ва набояд вуҷуд дошта бошад».

Авохири зимистон раиси минтақаи худмухтори Чичен гуфта буд ҷанги кунунӣ дар Украина, бо таваҷҷӯҳ ба иттиҳоди душманони Русия, ҷанги ҷаҳонии севум аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад