Ҳамлаи сайберии бесобиқа ба 60 веб-сайти режими Исроил

Расонаҳои исроилӣ гузориш доданд тайи ду рӯзи гузашта ин режим мавриди бесобиқатарин ҳамлаи сайберӣ қарор гирифта ва тайи он 60 веб-сайт ҳак шуданд.

Канали 12 режими исроилӣ гузориш дод ду рӯзи гузашта режими саҳюнистӣ мавриди бесобиқатарин ҳамлаи сайберӣ тайи солҳои ахир қарор гирифта ва дасти кам 60 веб-сайти муҳим дар ин муддат ҳак шудаанд. Тайи ин ҳамлаи сайберӣ бузургтарин ҳамла дар солҳои ахир аст, ки маҷмӯаи бузурге аз веб-сайтҳои исроилиро ҳадаф қарор додааст.

Бар асоси ин гузориш, коркунони бахши фановариҳои пешрафта дар режими саҳюнистӣ таъйид карданд, ки осебе ба бахши фановарӣ ноши аз ҳамалоти сайберӣ зиёд ва маҳсус буда ва бозгардондани эътимоди сармоягузорон, тоҷирон ва ширкатҳои байналмилалӣ душвор хоҳад буд.

Ин расонаи саҳюнистӣ афзудааст: сармоягузорон имрӯз аз ҳукумати ифротӣ ки мардумро ба сӯи фурӯпошии ахлоқӣ ва демократик мекашонад, метарсанд.

Радиои артиши режими исроилӣ шаби гузашта эълом карда буд, ки веб-сайти ширкати барқи ин режим ба далели ҳамалоти мудовими сайберӣ аз субҳи рӯзи ҷумъа аз дастрас хориҷ шуд.

Ҳамчунин веб-сайти Пусти режими Исроил ва чандин веб-сайти мутааллиқ ба банкҳо аз ҷумла Эъуми, Дискунт, Мизроҳи-тафоҳут, Меркентил, Бирушлоем (Қудс) Масод, ва чанд созмони дигар аз кор афтоданд.

Бино ба эъломи радиои артиши режими исроилӣ аз ҷумла веб-сайтҳое, ки аз кор афтодааст, сайти марбут ба санъати худрав будааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад