Фавти 15 нафар бар асари тармафароӣ дар кишвар

Дар пайи тармафароӣ (баҳман) дар рӯзи 15-уми феврал, 16 шаҳрванди кишвар ба ҳалокат расидаанд. Мақомот мегӯянд, 13 нафар дар Хоруғ, ду нафар дар Ванҷ ва як нафари дигар дар роҳи Душанбе-Чаноқ ҷони худро аз даст додаанд.

Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода субҳи 16-уми феврал гуфт, корҳои наҷотдиҳӣ дар шаҳри Хоруғ ба анҷом расид. Субҳи рӯзи 15-уми феврал дар кӯчаи Носири Хусрави шаҳри Хоруғ дар пайи тармафароӣ даҳ хона, консулгарии Афғонистон ва шуморе аз сокинон зери барф монданд.

Сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар мегӯяд, тибқи оморҳои ахир, аз зери барф дар шаҳри Хоруғ 13 ҷасадро берун оварданд. Ба гуфтаи манобеи хабарӣ, 12 нафар дар шаҳри Хоруғ аз зери барф зинда берун оварда шуданд.

Умеда Юсуфӣ афзуд, феълан корҳои бартарафсозӣ дар шаҳри Хоруғ идома дошта, муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ҷойи ҳодиса аст. “Раиси Кумита ҳам дар роҳ ба сӯи ВМКБ аст”.

Дар тармафароии рӯзи 15-уми феврал, ду сокини ноҳияи Ванҷ ҳам ҷони худро аз даст додааст. Масъулини идораи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Ванҷ гуфтанд, Салмон Дилдоров, сокини 31-солаи деҳаи Садвадг 15-уми феврал зери тарма монда, фавтид.

Ба гуфтаи манбаъ, шоми 15-уми феврал дар ноҳияи Ванҷ боз тарма фаромад ва ду нафарро, ки дар роҳ ба ҷаноза буданд, бо худ бурдааст. Масъулини идораи фавқулодаи Ванҷ гуфтанд, як нафари онҳоро зинда ёфта, дуввумӣ Маъруф Гулов, сокини деҳаи Фед фавтидааст.

Қурбонии дигари тармафароӣ як ронанда дар роҳи Душанбе-Чаноқ будааст. Ширкати IRS масъулини нигоҳбини роҳи Душанбе-Чаноқ, ки аз ронандагон маблағ мегирад, мегӯяд, ҳодиса баъд аз зуҳри 15-уми феврал дар километри 66 дар минтақаи Варзоб рух додааст.

Ба гуфтаи манбаъ, фавтида як ронандаи мошини “Опел-Зефира” будааст, ки “ба таъкидҳои мутахассисон гӯш накарда, аз мошин фаромадааст”.

Ширкати IRS гуфта: “Ҳамаи мошинҳоро манъ, кормандони БДА таъкид карданд, ки аз мошин нафароед. Аммо ин ронанда бетафовутӣ карда, аз мошин мефарояд ва тарма ӯро зери мошини боркаш мекунад”.

Роҳи Душанбе-Чаноқ ягона масири рафтуомад ба шимоли кишвар аз бегоҳи 15-уми феврал баста аст.

Тибқи наворҳое, ки ба даст расида, дар ноҳияи Сангвор ҳам рӯзи 15-уми феврал баҳман ё тарма фаромадааст. Мақомот мегӯянд, як сокини ин ноҳияро аз зери он наҷот додаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар бо такя ба маълумоти Оҷонсии обуҳавошиносӣ аз боришоти пуршиддат ва хатари тармафароӣ аз 15 -ум то 17- уми феврал ҳушдор медиҳад. Бинобар ин, аз сокинон хоҳиш шудааст, аз сафари безарурат ба минтақаҳои баландкӯҳ худдорӣ намоянд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад