Тарси Амрико аз дӯстии Русия бо Чин

Изҳороти мақомоти чинӣ дар робита бо дӯстии бидуни марзи ин кишвар бо Русия боиси нигаронӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шудааст.

Венди Шерман, муовини вазири хориҷаи Амрико мегӯяд, Амрико аз изҳороти мақомоти Чин дар бораи дӯстии бидуни марз бо Русия нигарон шудааст.

Муовини вазири хориҷаи Амрико илова кард, ки Вашингтон аз равобити рӯ ба рушди Эрон бо Русия ҳам нигарон аст.

Давлати Амрико бар ин бовар аст, ки Пекин қасд дорад баёнияи муштараки сарони Чин ва Русия дар бораи дӯстии бидуни марз миёни ду кишварро иҷро кунад ва ин масъала барои Амрико нигарониеро ба вуҷуд овардааст.

Шерман дар ҳамоише дар Вашингтон гуфт: “онҳо ба дӯстии бидуни марз бо Русия мутааҳҳид ҳастанд ва мо албатта нигароние дар ин бора дорем. Мо дар робита бо дӯстии Чин ва ҳимояти ӯ аз ҳамла (и Русия ба Украина) нигарон ҳастем.”

Феврали соли гузашта Владимир Путин, президенти Русия ва Си Ҷинпин, президенти Чин баёнияи муштараке содир карданд, ки дар он зикр шуда буд, ки дӯстӣ миёни ин ду кишвар “ҳеҷ марзе надорад.”

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад