Зилзилазадагони “Туркия” қодир ба таъмини ниёзҳои аввалия нестанд

Дар шаҳри зилзилазадаи "Диёрбакир" дар Туркия камбуди дору ва мушкилоти тандурустӣ мавҷ мезанад ва занон ва кӯдакон дар маърази хатар қарор доданд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, як вебсайти туркӣ навишт, дар шаҳри зилзилазадаи “Диёрбакир” дар Туркия камбуди дору ва мушкилоти тандурустӣ мавҷ мезанад.

Вебсайти “Bayant” рӯзи чаҳоршанбе дар заминаи авзои номусоиди зилзилазадагон дар шаҳри “Диёрбакир” навишт, дар шаҳри Диёрбакир дар ҷануби шарқи Туркия диҳҳо тан аз шаҳрвандоне, ки хонаҳои онҳо дар заминларзаи ахир ба шиддат осеб дидааст, инак дар хаймаҳо зиндагӣ мекунанд.

Бар асоси ин гузориш, ёфтани ниёзҳои аввалия барои занон ва таҳия дору барои кӯдакони бемор душвор шуда ва шумори занони мададкори иҷтимоӣ низ кам аст. “Рошан Кая”, ки ҳамроҳ бо навзоди 6 моҳа ва панҷ фарзандаш дар як хаймаи худсохта иқомат дорад, гуфт: «Мо бо ду хонавода инҷо зиндагӣ мекунем. Писари бузургам аз назари равонӣ номусоид аст. Аз тарафе саъй мекунам ба масоили беҳдоштӣ ва тандурустии фарзандонам расидагӣ кунам ва муқобила бо ин мушкилот воқеан сахт аст.»

Вай идома дод: «Гоҳе вақтҳо ниёзҳои фаврии худамро фаромӯш мекунам. Ва духтари шаш моҳаам доиман ниёз ба тағзия дорад.»

Зани дигаре, ки мехост ношинос бимонад, як пойафзол нишон дод ва гуфт: «Аз рӯзи аввали зилзила фақат як пойафзол поям аст. Дамои ҳаво поин аст ва дарҳоли ях задан ҳастам. Рӯзҳост, ки касеро пайдо накардаам битавонад ба ман кумак кунад.»

Ин гузориш ҳокист, беҳдошт ва тандурустӣ ба хусус дар дохили хаймаҳо як масъала шуда ва тувалети сайёр вуҷуд надорад.

Бонуи дигари турк аз вазъияти поини беҳдоштӣ ва тандурустӣ гелояманд буд ва гуфт, занон билофосила бемор мешаванд.

Абит Кайя, ки ҳамсараш дар хайма зоимон карда, низ бо эътироз гуфт, арзаи доруи сармохӯрдагӣ барои кӯдакон кунад аст. Вай гуфт: «аз онҷое, ки хонаи мо дар зилзила осеби зиёде дидааст, наметавонем ба хона баргардем. Ҳамсарм бордор буд ва дар чунин шароити баде зоимон кард. Феълан дар хайма мемонем. Мо барои дарёфти доруҳои ҳамсарам мушкил дорем.»

Вебсайти шабакаи хабарии “Франс 24” низ дар заминаи вокуниши давлати Туркия ба зилзилаи ахир навишт дар Туркия ва касоне, ки аз ин фоҷиаи ахир ҷони солим ба дар бурдаанд, акнун дар сояи сохтумонҳои шикаста дар шаҳрҳои вайрон шуда монанд “Қаҳрамон Мараш” бидуни дастрасӣ ба ғизо, об ва барқ зиндагӣ мекунанд.

Ин шабака чаҳоршанбе дар бораи паёмадҳои зилзилаи ахир дар Туркия гузориш дод «дар Туркия, сохту созҳои мъюубро омили вайрониҳои азими ноши аз заминларзаҳо медонанд. Мақомоти Туркия низ паймонкоронеро ҳадаф гирифтаанд, ки гуфта мешавад бо бархе аз сохтумонҳои фурӯрехта муртабит ҳастанд. Коршиносон мегӯяанд сохтумонҳо дар минтақаи зилзила мутобиқ бо стандартҳо набуда ва бархе аз паймонкорон боздошт шудаанд»

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад