Tajikpress: Ҳамлаи террористӣ ба ҳарами Шоҳчароғ маҳкум аст!

Сомонаи хабарӣ-таҳлилии Tajikpress ҳамлаи террористӣ ва ваҳшиёна ба ҳарами Шоҳчароғ дар Шерози Эронро маҳкум мекунад.

Сомонаи хабарӣ-таҳлилии Tajikpress ҳамлаи террористӣ ва ваҳшиёна ба ҳарами Шоҳчароғ дар Шерози Эронро маҳкум мекунад.

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

وَلَا تَحْسَبَنَّ الَّذِینَ قُتِلُوا فِی سَبِیلِ اللَّهِ أَمْوَاتًا بَلْ أَحْیَاءٌ عِنْدَ رَبِّهِمْ یُرْزَقُونَ

“Ва ҳаргиз гумон мабар касоне, ки дар роҳи Худо кушта шудаанд, мурда ҳастанд, балки зиндаанд, назди Парвардигорашон рӯзӣ дода мешаванд.” (Сураи Оли Имрон, ояти 169).

Ҳодисаи ғамангези ҳамлаи террористӣ ба ҳарами Шоҳчароғ дар Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки сабаби шаҳодату захмӣ шудани теъдоде аз мардуму зоирони бегуноҳ гардид, бори дигар авҷи палидии истикбори ҷаҳонӣ аз ҷумла Амрико, режими саҳюнистӣ ва муздурону муттаҳидони кинатӯзи онҳоро намоён карду нанги дигаре бар корномаи нангини онҳо афзуд.

Ба яқин рӯзгори душманони мусалмоннамои Ислом ба сар омада ва ҳар рӯз, ки мегузарад, аз яксӯ миллатҳо бедортару ҳушёртар ва аз сӯи дигар арбобони саҳюнистҳо ва ҳаракатҳои такфирӣ дар минтақа расвотар мешаванд. Ин ҷинояти ғайриинсонӣ, ки тарҳрезишуда аз ҷониби шайтонсифатону ҳимоятгарони кӯрдилу ҷинояткори онон аст, як бори дигар чеҳраи ҳақиқии зиддиинсонии онҳоро дар қатли мардуми бедифоъ ошкор кард; дастҳои ҷинояткори саҳюнизми ҷаҳонӣ аз остини ҷоҳилону пастсифатони ваҳҳобӣ-такфирӣ берун омаду ҷамъе аз мардону занону кӯдакони миллати азизу дӯст ва бародарамонро қурбонӣ, захмӣ ва азодор кард.

Бар асоси гузориши Вазорати иттилооти ҶИЭ, омили ҳамлаи дилхароши террористӣ ба ҳарами Шоҳчароғ як шаҳрванди Тоҷикистон ба номи Раҳматулло Наврузов, ки бар асари вуҷуди заминаҳои нуфузи ДИИШ аз ҷумла фақр, ифротгароӣ, нуфузи ваҳҳобият ва ғайра, дар саффи гурӯҳҳои террористӣ қарор доштааст, ки миллати бузурги Эронро чунин доғдор кардааст; ба яқин иқдоми ин шахси фиребхӯрда, заррае ҳам байни бародарию дӯстии ду миллати Тоҷикистону Эрон таъсир нахоҳад расонд ва ду кишварро ба муборизаи муштарак бо иқдомоти террористӣ ва муқобила бо таҳдидҳои амниятӣ даъват мекунад.

Сомонаи хабарӣ-таҳлилии “Tajikpess” зимни маҳкумияти ин ҳамлаи террористӣ-такфирӣ, безорӣ ва нафрати худро аз тамомии ҳаракатҳои террористӣ дар минтақа ва инчунин аз тамоми омилони ин ҷинояти кӯрдилона иброз медорад. Ҳайати хабарии ин сомона ба миллати шаҳидпарвари ҶИЭ таслият, барои он азизону шаҳидон раҳмат ва барои хонаводаҳову пайвандонашон сабру истиқомат талаб мекунад.

Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад