Завқибек Саидаминӣ: ҳукмро бозбинӣ ва бекор кунед!

Завқибек Саидаминӣ, яке аз рӯзноманигорони маҳкумшуда ба 7 соли зиндон аз Додгоҳи шаҳри Душанбе хост, ки ҳукмашро бозбинӣ ва бекор кунанд.

Завқибек Саидаминӣ, яке аз рӯзноманигорони тоҷик, ки аввали моҳи ноябр 7 сол равонаи зиндон шуд, аз Додгоҳи шаҳри Душанбе хостааст, ки ҳукмашро бозбинӣ ва бекор кунанд.

Ба нақл аз манобеи хабарӣ, Завқибек Саидаминӣ ин аризаро рӯзи 16-уми ноябри соли равон аз Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) навиштааст ва нусхаи он имрӯз, 24 –уми ноябр, ба дасти баъзе аз расонаҳо расидааст.

Журналист гуфтааст, аз ҳукми Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки нисбаташ 7 соли зиндонро татбиқ кард, розӣ нест ва барои ин чанд асос низ овардааст.

Номбурда афзудааст, “тафтишу муҳокимаи парвандааш яктарафа ё нопурра буд, додрас далелҳои пешниҳодкарда ва нишондоди бархе шоҳидонро ба назар нагирифту номи шоҳиди набударо дар ҳукм навишт” ва инчунин, санаи боздошташ ба санае, ки дар ҳукми суд омадааст мутобиқат намекунад.

Завқибек Саидаминӣ навиштааст: “Ва даҳҳо далелҳои дигар, ки дар рафти мурофиаи кассатсионӣ метавонам онҳоро тасдиқ кунам”.

Ин рӯзноманигори зиндонӣ аз Додгоҳи шаҳри Душанбе хостааст, ки “бо назардошти мавҷуд будани духӯрагиҳои зиёд дар рафти тафтиши пешакӣ ва судӣ, омодаи ҳамкорӣ будани ман бо мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, алайҳи гуруҳҳои ифротгаро ва террористӣ, ҳукми Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ бозбинӣ ва бекор карда шавад”.

Вай илова кардааст, ки тамоми далелҳои айбдоркунанда тахмин ва нусхаи навиштаи муфатиш буд.

Ёдовар мешавем, ки Завқибек Саидаминӣ рӯзи 3-юми ноябри соли равон бо ҳукми Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ 7 сол равонаи зиндони низомаш пурзӯр гардид. Ӯ гӯё ба ҳамкорӣ бо созмонҳо аз ҷумла Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва “Гурӯҳи 24” муттаҳам дониста шуд.

Пайвандони Завқибек Саидаминӣ, ки ҳангоми ироаи сухани охири рӯзноманигор ба толори мурофиа иҷозаи вуруд пайдо карданд, дар суҳбат ба “Asia-Plus” гуфта буданд, ки Завқибек Саидаминӣ ҳангоми суханронӣ гуфтааст “худро гунаҳкор намешуморад ва бо ҳеҷ ҳизбу ҳаракати мамнӯъ дар Тоҷикистон ҳамкорӣ надошт”.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад