Ҷиноятҳои Оли Сауд алайҳи муҳоҷирони африқоӣ

Бар асоси гузоришҳо, 48 дарсади ҷамъияти беш аз 33 миллион нафарии Арабистони Саудиро муҳоҷирони хориҷӣ ташкил медиҳанд.

Созмони “Ҳуқуқ ва озодӣ барои инсон” бо таъкид ба ҷиноятҳои Оли Сауд алайҳи муҳоҷирони африқоӣ хостори иқдоми сареи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои таҳти фишор қарор додани мақомоти Саудӣ бо ҳадафи иҷрои қонунҳои байналмилалӣ шуд.

Ин созмон ҷиноятҳои Саудӣ алайҳи муҳоҷирони африқоӣ ва яманиро маҳкум кард.

Бар асоси гузоришҳои созмони “Ҳуқуқ ва озодӣ барои инсон”, муҳоҷирони афроқоӣ дар Арабистон мавриди анвои шиканҷа ва қатл қарор мегиранд ва онҳо аз ибтидоитарин ҳуқуқи инсонӣ дар ин кишвар маҳрум мебошанд.

муҳоҷирони африқоӣ

Гарчанде, ки ғуломгирӣ дар Арабистон аз соли 1964 ба таври расмӣ манъ шудааст, аммо бисёре аз коргарони хориҷӣ дар ин кишвар шароити ғуломро доранд ва бо мушкилоте ба монанди кори беш аз ҳад, хастагӣ, шиканҷа ва ҳатто маҳрумият аз обу ғизо рӯбарӯ мешаванд.

Солҳо аст, ки коргарони хориҷӣ ба сабаби шароити ҳоким бар Арабистон, дар бадтарин шароитӣ зиндагӣ ба сар мебаранд. Ин дар ҳоле аст, ки коргарони хориҷӣ дар Арабистон ба вижа занон афзоиши назаррасе доштааст.

Бештари ин коргарон аз кишварҳое ҳамчун: Шри-Ланка, Филиппин, Непал, Покистон ва Мавритания ва кишварҳои африқоӣ мебошанд, ки бо ҳадафи фирор аз фақру фалокати ҳоким бар кишварашон ва беҳтар шудани шароити зиндагии худ ба Арабистон сафар кардаанд. Онҳо ҳатто аз ибтидоитарин ҳуқуқи инсон бархурдор нестанд.

Аксари ин коргарон шаҳрвандони кишварҳои африқоӣ ҳастанд, ки тибқи гузоришҳо коргарони африқоӣ шароити бадтар аз дигар муҳоҷирони хориҷӣ дар Арабистон доранд.

Куштори дастаҷамъонаи муҳоҷирони африқоӣ дар марзҳои Арабистони Саудӣ яке дигар аз ҷиноятҳои ин кишвар алайҳи онҳо ба ҳисоб меравад, августи соли равон эълон шуд, ки Арабистон дониста иқдом ба куштори муҳоҷирони африқоӣ дар марзи ин кишвар бо Яман мекунад.

Бар асоси гузоришҳои СММ Арбистон то ҳол 189 африқоиро дар марз бо Яман кушта ва беш аз 500 нафари дигарро ҳам захмӣ кардааст.

африқоӣ-арабистон

Созмони “Ҳуқуқ ва озодӣ барои инсон” гузориш дод, ки теъдоде аз муҳоҷирони африқоӣ дар Арабистони Саудӣ дар утоқҳои кучак боздошт ва бо сими барқ ва дигар ашё шиканҷа шуда ва бисёре дигар ба қатл мерасанд.

муҳоҷирони африқоӣ

Ин созмон аз ниҳодҳои байналмилалӣ хост, то иқдомоти давлати Саудиро, ки зид бо усулҳои байналмилалӣ ва инсонӣ мебошад маҳкум карда ва аз муҳоҷирони хориҷӣ дар ин кишвар ҳимоят кунанд.

Пештар ҳам Созмони Дидабони ҳуқуқи башар аз рафтори ваҳшиёнаи Оли Сауд бо муҳоҷирони хориҷии африқоӣ интиқод карда буд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад