Чеҳраи воқеъии Бин Салмон ва бозгашт ба низоми саркуб

Арабистони Саъудӣ дар моҳҳои ахир вориди фози ҷадиде аз бархурди хашин бо фаъолони сиёсӣ, маданӣ ва ҳуқуқи башарӣ шуда ва мақомоти Саъудӣ ҳукмҳои сангинеро алайҳи онҳо содир ё ҳукмҳои содираро ташдид кардаанд.

Муҳаммад Бин Салмон бо вуҷӯди инки акнун рақиби ҷиддӣ барои расидан ба курсии подшоҳи Арабистон пеши рӯйи худ намебинад, аммо аз кучактарин интиқод ҳам намегузарад ва мунтақидонро ҳатто бо андак интиқоде таҳамул намекунад. Фаълони сиёсӣ ва мадании Арабистон дар шабакаҳои иҷтимоъӣ аз сиёсатҳои ҳокимони Саъудӣ интиқод кардаанд, аммо тавассути дастгоҳои амниятии Арабистон боздошт шуда ва ҳукмҳои сангине барои онҳо содир шудааст.

Дар рӯзи ахир додгоҳи Арабистон Салами Ал-Шаҳоб пизишк ва фаъоли занро ба 35 сол ва Нура-Ал-Қаштонӣ фаъоли сиёсии занро ба 45 сол зиндон маҳкум кардааст, додгоҳи Саъудӣ ҳамчунин Маҳдия- Ал- Марзуқӣ пизишки зани тунсии муқими Арабистонро ба иттиҳоми навиштан Твиттери дар ҳимоят аз Ҳизбуллоҳи Лубнон дар ибтидо ба ду солу ҳашт моҳ зиндон маҳкум кард аммо пас аз он ҳукми ёд шударо нақз ва ӯро ба 15 сол зиндон маҳкум кард. Ин додгоҳ ҳамчунин давраи маҳкумияти зиндонии яке дигар аз фаъолони зани Саъудӣ ба номи Исроъ-Ал- Ғамғомро низ ба иттиҳоми мушбеҳ аз 8 сол ба 13 ҳабс афзоиш дод. Дар ҳамин ҳол, дастгоҳи қазоии Саъудӣ Иброҳим -Ал -Мозӣ ва Носир-Ал-Муборак ду фаъоли маданӣ ва ҳуқуқи башариро ба 16 сол зиндон маҳкум кард. Режими Саъудӣ Шайх Муҳаммад-Ал -Обид аз руҳониюни шиъаи шаҳристони Ал-Меърон дар устони Ал-Аҳсоъи Арабистонро низ рӯзи гузашта бори дигар боздошт кард. Шайх Ал-Обид дар ҳоле аз сӯйи нерӯҳои Саъудӣ боздошт шуда, ки ҳафт моҳ аз озодиаш аз зиндонҳои Оли Саъуд мегузарад.

Аммо чаро хушунати Оли Саъуд алаҳи фаъолони мадании Арабистон бори дигар раванди афзоиши ошкоре пайдо кардааст?

Метавон гуфт далели нахусти афзоиши хушунат алайҳи фаъолОни мадании Арабистон марбут ба рафтор ва шохисаи Муҳаммад Бин Салмон, валиаҳди Саъудӣ аст. Саъуд-Ал-Саъбонӣ дар китоби ” Арбада каши Риёз” дар бораи Муҳаммад Бин Салмон менависад: “Аз ҳамон даврони навҷавонӣ бархошгарӣ ва тунд мизоҷӣ ду вижагии асосии шахсияти Муҳаммадро ташкил медоданд ва ҳамин эътиборашро зери савол мебурд”.

Вай меафзояд: Шахсияти салтагар ва раёсатталаби Муҳаммад боис шуда буд то навъи бераҳми ва хушунат низ дар рафторҳояш шакл бигирад. Ҳамин вижагиҳо сабаб шуд Муҳаммад Бин Салмон дат 7 соли гузашта, ки раванди расидан ба болотарин курсиҳои қудрат дар Арабистонро тай кард, хушунат дар баробари ҳар гуна рақиб ва мунтақидро ошкоро ва аланӣ дар дастури кор дошта бошад.

Бо ин ҳол дар ду соли гузашта ин хушунат ё камтар шуда ва ё пинҳони шуда буд. Далели ин амр низ марбут ба сиёсат ва нигоҳи Ҷу Байден, Раиси Ҷумҳӯрии Амрико ба Муҳаммад Бин Салмон буд. Байден ошкоро аз Бин Салмон интиқод ва эълом карда буд Арабистонро ба далели нақзи фоҳиш ва ошкорои ҳуқуқи башар ба кишвари матруд табдил хоҳад кард. Барин асос, Муҳаммад Бин Салмон, ки сувдои расидан ба курсии подшоҳии Арабистонро дар сар дорад, даст ба асо ҳаркат кард. Сафари гузаштаи Ҷу Байдан ба Арабистони Саъудӣ ва дидор вай бо Муҳаммад Бин Салмон ба манзалаи поёни фишор ва ё беасар будани интиқодҳои Амрико рӯи валиаҳди Саъудӣ буд. Пас аз поёни ин сафар,Бин Салмон натанҳо бори дигар рӯйкарди хушунатомези гузаштаи худро дар пеш гирифт балки поро фаротар гузошт ва ба ҳукмҳои содир шуда алайҳи занони фаъоли мудофеи ҳуқуқи башарии зиндони шиддат бахшид. Бинобарин омили дигари хушунат алайҳи фаъолони маданӣ дар Арабистон дар моҳҳои ахир ба тағири руйкарди Вашингтон ва хондани дасти Риёз давассаути Бин Салмон аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад