Эълони безории “Ҷамъияти ҷавонони мусулмони тоҷик” аз омилони ҳамла ба Шоҳчароғ

Ҷамъияти ҷавонони мусулмони тоҷик дар баёнияе, маротиби инзиҷор ва безории худ аз омилони ҳамла ба ҳарами мутаҳҳари Шоҳчароғро эълон кард.

 

Ҷамъияти ҷавонони мусулмони тоҷик дар баёнияе, маротиби инзиҷор ва безории худ аз омилони ҳамла ба ҳарами мутаҳҳари Шоҳчароғро эълон кард.

Ба гузориши хабаргузории “ТоҷикПресс” ба нақл аз бахши байналмилали хабаргузории “Ҳавза”, “Ҷамъияти ҷавонони мусулмони тоҷик” дар баёнияе таъкид кард:

بسم الله الرحمن الرحیم
مَنْ قَتَلَ نَفْسًا بِغَیْرِ نَفْسٍ أَوْ فَسَادٍ فِی الْأَرْضِ فَکَأَنَّمَا قَتَلَ النَّاسَ جَمِیعًا (مائده ۳۲)

Ҳодисаи террористии боргоҳи ҳазрати Аҳмад ибни Мӯсо(а) дар Шоҳчароғи шаҳри Шероз, ки мунҷар ба шаҳодати теъдоде аз мардон, занон ва кӯдакони бегуноҳ шуд, муҷиби таассур ва тааллум гардид.

Бар асоси иттилооти восила, дар миёни авомили аслие, ки мустақиман ба ин ҳодисаи хунин иртибот доштанд, мутаассифона зориб ва омили тирандозӣ аз шаҳрвандони кишвари Тоҷикистон будааст.

Ҷамъияти ҷавонони мусулмони тоҷик, зимни маҳкум кардани ин воқеаи ғамангез, аз омилон ва мусаббибони он эъломи безорӣ намуда ва бо миллати шарифи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва хонаводаҳои доғдида дар ин ҳодиса ибрози ҳамдардӣ менамояд.

Возеҳ аст, ки миллати шарифи Ҷумҳурии Исломии Эрон аз алоқамандии миллати мусулмон, ҳамзабон ва ҳамфарҳанги Тоҷикистон нисбат ба мардуми шарифи Эрон огоҳ буда ва сафи миллати тоҷикро аз террористҳои такфирӣ ҷудо менамоянд.

Яқинан омилон ва мусаббибони ин ҳодиса ба лхусус, ҳомиёни ибрӣ-арабӣ-ғарбии онҳо ба сазои аъмоли нангинашон хоҳанд расид.

Ба назар мерасад аз муҳимтарин авомили густариши тафаккури такфирӣ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, нуфузи мусалласи шуми ибрӣ-арабӣ-ғарбӣ, фазои бастаи динӣ, ҳазф ва ё маҳдуд кардани ҷараёноти муътадили динӣ мебошад, ки масъулони амр бояд тадобири лозим дар хусуси ҳалли ин муъзали фарогирро иттихоз намоянд.

Дар поён аз Худованди Мутаол, барои шаҳидони ин ҳодисаи ғамангез, улуввӣ дараҷот ва барои бозмондагон сабри ҷамил ва аҷри ҷазил масъалат дорем.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад