Намояндаи САҲА: рӯзноманигорӣ ҷиноят нест!

Намояндаи САҲА дар умури озодии матбуот ҳукми додгоҳеро дар Душанбе барои зиндонӣ кардани рӯзноманигор Завқибек Саидаминӣ танқид кард.

Намояндаи САҲА дар умури озодии матбуот ҳукми додгоҳеро дар Душанбе барои зиндонӣ кардани рӯзноманигор Завқибек Саидаминӣ танқид кард.

Ба нақл аз Азия – плюс, намояндаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) дар умури озодии матбуот ҳукми додгоҳеро дар Душанбе барои зиндонӣ кардани рӯзноманигор Завқибек Саидаминӣ танқид кард. Завқибек Саидаминӣ ба 7 соли зиндон маҳкум шуд.

Тереза Рибейро дар баёнияе дар Телеграм гуфт, “ин як зарбаи дигар ба озодии расонаҳо дар Тоҷикистон аст ва аз мақомоти Тоҷикистон хост, Завқибек Саидаминӣ ва рӯзноманигорони дигари зиндониро озод кунанд.

Хонум Рибейро афзудааст: “Ба онҳо имкон дода шавад, ки дар бораи масъалаҳои вобаста ба ҷомеа, аз ҷумла масъалаҳои амниятӣ, гузориш бидиҳанд. Рӯзноманигорӣ ҷиноят нест.”

Пеш аз ин, Гузоришгарони Бидуни Марз ва Кумитаи Дифоъ аз Хабарнигорон низ ҳукми додгоҳро дар мавриди Завқибек Саидаминӣ маҳкум карда буданд. Ба рағми инки ӯ гуфта буд, ки дар робита ба пешгирии ҷалби ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ, махсусан ширкати ҷавонон тоҷик дар ҷангҳои Сурияву Ироқ ва ДИИШ барномаҳои телевизионӣ омода ва пахш мекард ва бештари онҳо самар доданд.

Завқибек Саидаминии 38-соларо моҳи июли имсол дар шаҳри Ваҳдат дастгир ва 3-юми ноябр ба гуноҳи ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ 7 сол аз озодӣ маҳрум карданд. Худаш гуфтааст, гуноҳ надорад.

Хабарнигори пешини Телевизиони давлатии Тоҷикистон бо суҳбатҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ машҳур гашта, аз зумраҳои онҳое дониста мешуд, ки талош доранд, ҳақиқатҳо гуфта шаванд.

Дар ним соли охир дар Тоҷикистон дастикам 7 рӯзноманигору блогер дастгир ва то ин дам чаҳор нафари онҳо зиндонӣ шуданд.

Ба ҷуз аз Завқибек Саидаминӣ, Муҳаммади Султон ба 7, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба 7,5 ва Далери Имомалӣ 10 сол гирифтанд. Чанд нафари дигар муҳокима мешаванд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад