Кӯдаксарбозон дар Украина; Нақзи ҳуқуқи башар бо таблиғи қаҳрамонсозии расонаӣ

Бархе расонаҳо истифода аз кӯдакон дар даргириҳои мусаллаҳона дар Украинаро нодида гирифта ва теъдоди дигар онро бо таблиғот печида матраҳ карданд.

 

Ҷанги Украина ба тозагӣ вориди моҳи ҳаштуми худ шудааст. Дар ин муддат, арқоми мутафовит аз теъдоди низомиён ва таҷҳизоти низомии ду тараф мунташир шудааст. Аммо нуқтае, ки шояд то ҳадди зиёде мавриди бетаваҷҷӯҳӣ қарор гирифт муъзали «кӯдаксарбозӣ» аст.

Расонаҳо гузориш додаанд дар миёни даргириҳои мудовим бо Русия, Украина ба кӯдакони зери синни қонунӣ ба баҳонаи «килосҳои дифоъи шахсӣ» дар атрофи шаҳри Лумия дар ғарби Украина, наҳваи истифода аз силоҳҳои ҷангии маргборро омӯзиш медиҳад.

Кӯдакони сарбоз; Ифтихор ё ҷиноят?

Тибқи таърифи Созмони Милал, кӯдаксарбоз “ҳар фарди зери 15 сол аст, ки тавассути як ниру ё гурӯҳи мусаллаҳ ба ҳар унвоне истихдом шуда ё мавриди истифода қарор гирифта бошад.” Кӯдаксарбозӣ метавонад дар манотиқи ҷангӣ бо ановини мухталифе аз ҷумла ҷангҷӯ, ошпаз, борбар, ҷосус ва… фаъолият кунад. Кунвонсиюни Созмони Милали Муттаҳид дар мавриди ҳуқуқи кӯдак, истихдоми сарбозони зер 15 солро мамнуъ ва ғайриқонунӣ эълом кардааст.

Қавонини байналмилалӣ, моддаи 38 паймонномаи ҳуқуқи кӯдак эълом мекунад, ки гурӯҳҳои сиёсӣ набояд аз афроди зери понздаҳ сол дар ҷанг истифода кунанд. Ҳамчунин «пратаколи ихтиёрии ширкати кӯдакон дар ҷанг» аз тарафайни даргириҳо мехоҳад, ки ба афроди зери 15 сол иҷозаи ширкат дар ҷанг дода нашавад ва сарбозгирии иҷборӣ дар мавриди ин афрод низ мамнӯъ аст. Ҳамчунин ин пратаколи ихтиёрӣ аз ҳукуматҳо мехоҳад, ки кӯдаконро барои иқдомоти низомӣ басиҷ накунанд ва аз номнависии онҳо барои ширкат дар даргириҳои низомӣ худдори шавад ва ҳукуматҳо барои бозгашти оромиши ҷисмонӣ ва равонии кӯдакон талош кунанд. (модда 6)

Бинобар моддаи 8٫2٫26 асосномаи Рум аз девони байналмилалии кайфарӣ тасвиб шуда дар соли 1998 ва иҷрои шуда дар 1 июли 2002, «сарбозгирӣ ё номнависӣ аз афроди зери 15 сол барои ширкат дар даргириҳои низомӣ мамнӯъ ва як ҷурми ҷангӣ маҳсуб мешавад.»

Дар 26 июли 2005 шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ба иттифоқи оро «қатъномаи 1612 шӯрои амният» -ро ба тасвиб расонд. Ин қатънома нахустин қадам барои эҷоди системаи назоратӣ ва гузоришӣ ба манзури водор кардани гурӯҳҳои истифодакунанда аз кӯдакон дар ҷанг барои пазириш қавонини байналмилалӣ буд.

Кӯдакони аслиҳа ба даст дар Украина: аз гузашта то имрӯз

Омӯзиши низомии кӯдакон дар Украина масъалаи ҷадиде нест. Хабаргузории Осушитед Пресс дар соли 2017, вақте манотиқи шарқии Украина вориди севумин соли даргириҳои худ шуда буданд, гузориши дар хусуси тарбияти низомии кӯдакони зери назари Гардон Азуф навиштааст. Ин хабаргузорӣ навиштааст: «дар украинаи ҷангзада, садҳо кӯдак ба ҷоӣ шино ва валибол, тобистони имсолро сарфи ҷамоварӣ ва наҳваи кор бо калашинкуф ва ёдгирии наҳваи ҷангкардаан буданд.

Гардон Озуф, ки ба таври расмӣ бахше аз горди миллии Украина аст, ба хотири дидгоҳҳои рости ифротии аъзои худ то ҳадди зиёде бадном аст. Манобеи молии он ношинохта буда ва Гардон иддао мекунад ба кӯмакҳои хусусӣ мутакӣ аст. Аъзои он бо иттиҳомоти мутааддиде ҳуқуқи башарӣ мувоҷеҳ ҳастанд ва авфи байналмилал мегӯяд иттиҳомоти мӯътабаре мабни бар шиканҷа ва «сӯистфодаҳои фоҳиши дигар» тавассути гурдонҳои довталаби Украина аз ҷумла Озуф дарёфт кардааст. Бо ин ҳол ин гурӯҳ муддате машғули омӯзиши низомӣ ба садҳо кӯдаки украинӣ будааст. Омӯзише, ки бо дасткори равонӣ ва талқин омехта шудааст.

 

سربازی کودکان

 

توییت دیلی مانیتور

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад