Интиқоли Зубайдуллоҳи Розиқ маҳбуси 80-солаи ба “ШИЗО”

Зубайдуллоҳи Розиқ, узви 80 солаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, ки соли 2015 боздошт ва 25 сол ҳукми зиндон гирифта буд, барои “вайрон намудани тартибу низоми маҳбас” ба шуъбаи ҷаримавӣ (ШИЗО) интиқол додаанд.

Ӯ дар зиндони нави шаҳри Ваҳдат нигаҳдорӣ мешавад.

Як масъули зиндон гуфтааст, “Зубайдуллоҳи Розиқ чор рӯз пеш барои вайрон намудани низоми утоқе, ки ба сар мебарад, ба ШИЗО интиқол дода шуд ва 15 рӯз дар онҷо хоҳад монд.”

Ин мақомдор мушаххасан шарҳ надод, ки маҳбуси 80-сола дар кадом ҳолат аз низоми зиндон пой берун гузоштааст. Наздикони ӯ аз ин ҳодиса хабар доранд, вале онҳо низ сабаби ба ШИЗО интиқол додани Зубайдуллоҳи Розиқро намедонанд.

“ШИЗО”, дар маҳбас ҷоест, ки ба фарқ аз зиндон шароити сахттар дорад ва маҳбусро онҷо танҳо нигаҳдорӣ мекунанд.

Ҳисомиддини Зубайдулло, писари Зубайдуллои Розиқ, ки дар хориҷи кишвар зиндагӣ мекунад гуфтааст, падараш солхӯрда аст ва дар шуъбаи ҷаримавӣ азият мекашад. “Мо намедонем, дар маҳбас чӣ ҳодиса шудааст ва чаро ӯро ба шуъбаи ҷаримавӣ бурдаанд. Ба наздиконам масъулони маҳбас посух намедиҳанд.

Ба гуфтаи ӯ, мақомоти маҳбас баъди ин ки чаҳорнафар аз аъзои маҳкумшудаи ҳизб, аз ҷумла падараш, ба президент нома навишта, хоҳиши баррасии дубораи парвандаҳояшонро карданд, нисбаташон беэҳтиромӣ мекунанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад