Тадоруки Амрико барои қарордодани Русия дар феҳристи “кишварҳои ҳомии терроризм”

Дар идомаи талошҳои Вашингтон барои муқобила бо Маскав, Сенати Амрико тарҳеро ба иҷмоъ ба тасвиб даровард, ки тибқи он Русия ба унвони кишвари ҳомии терроризм муаррифӣ шавад.

 

 

Дар идомаи талошҳои Иёлоти Муттаҳида барои ҳимоят аз Украина дар муқобили Русия, Сенати Амрико рӯзи гузашта (чаҳоршанбе) ба иҷмоъ як тарҳи ғайри илзомоварро ба тасвиб дароварданд, ки тибқи он аз “Антони Блинкен”, вазири хориҷаи Фаронса дархост карданд то Русияро барои иқдомот дар Чеченистон, Гурҷистон, Сурия ва Украина, ки ба «марги теъдоди бешуморе аз занон ва мардон ва кӯдакони бегуноҳ мунҷар шудааст», дар феҳристи кишварҳои ҳомии терроризм қарор диҳад.

Вебгоҳи “Politico”, гузориш кард, маҷлиси намояндагони Амрико низ дар иқдоми мушобеҳ, тарҳеро алайҳи Русия пешниҳод доданд ва “Ненси Пелоси”, раиси маҷлиси намояндагони Амрико аз ҳомиёни тасвиби ин тарҳ аст. Ин тарҳи зидди русӣ дар ҳоле дар Конгресс матраҳ шудааст, ки ихтиёри таъйини террористи будани як кишвар дар ҳавзаи вазоифи вазорати хориҷаи Амрико аст.

Politico идома дод, ки тасвиби ин тарҳ дар Сената фишори бештаре аз сӯи Конгресс ба давлати Байден ворид мекунад то Русияро дар феҳристи кишварҳои ҳомии терроризм қарор диҳад. Вазорати хориҷаи Амрико пеш аз ин Куба, Кореяи Шимолӣ, Эрон ва Сурияро дар феҳристи кишварҳои ҳомии терроризм қарор додааст.

Бо гузашти панҷ моҳ аз ҷанги Украина, кишварҳои ғарбӣ натанҳо иқдоме барои ором кардани даргириҳо дар ин кишвар анҷом надодаанд балки бо иқдомоти мутааддид бар оташи нооромиҳо дар ин кишвари аврупоӣ додман задаанд.

Тибқи ин гузориш, Конгресси Амрико беш аз 50 миллиард доллар кумак ба Украинаро ба тасвиб расондааст.

Дар лоиҳаи Сената дар ин хусус омадааст: «неруҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия, эъдомҳои бешуморе алайҳи ғайринизомёни бегуноҳ анҷом додааст ва талош кардааст то ҷиноёти худро бо гӯрҳои дастаҷамъӣ дар саросари Украина бипушонанд».

Ин гузориш афзуд, ки забони ин иқдоми Сената шабеҳ ба ҳамон чизе аст, ки Владимир Зеленский раиси ҷумҳури Украина дар саросари ҷанг баён кардааст: ва он ин аст, ки неруҳои Русия аъмоли ваҳшёнае алайҳи ғайринизомён анҷом додаанд, ки шомили таҷовуз, қатл ва шиканҷа мешавад, ки инҳо муодили терроризм аст.

Мақомҳои Русия борҳо тамоми ин иттиҳомотро рад кардаанд ва онҳоро беасос хондаанд.

Тибқи ин гузориш, чаҳоршанбе шаб бо дафтари Антони Блинкен барои изҳориназар дар бораи ин хабар тамос гирифта шуд ва ҳамон изҳороти пешинро такрор карданд.

Бар асос ин газрош, “Нед Пройс”, сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико дар як конфронси хабарӣ дар иртибот бо фишори Кангресс ба давлати Байден барои террористи хондани кишвари Русия ва ин, ки террористи эълом кардани Русия, ҳаргуна музокироти оянда барои таваққуфи ҷанги Украинаро печида мекунад, гуфт, ки вазорати хориҷа масъули баррасии «шурутро бар уҳда дорад, ки Кангресс дар хусуси қарордодан дар листи кишварҳои террористӣ ба қонун табдил мекунад» ва масъулият дорад то ин шурутро бо ҳақоиқи мавҷуд муқоиса кунад ва ин фароянд дар даст иҷро аст.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад