Русия кантроли дувумин неругоҳи бузурги Украинаро ба даст гирифт

Мушовири раиси ҷумҳури Украина бо эъломи хабари тасаллути комили русҳо бар таъсисоти ҳароратии шаҳри Волхонск дар минтақаи Донетск, гуфт Русия дар ҳоли истиқрори неруҳои худ ба самти Херсон, Мелитопол ва Запорожской аст.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, ҳамзамон бо пешравии неруҳои Русия дар амалиёти низомии вижа дар Донбасс ба самти минтақаи Херсон, мақомоти Киев аз суқути дувумин неругоҳи бузурги Украина хабар медиҳанд.

“Михаил Подоляк”, мушовири раиси ҷумҳури Украина бомдоди панҷшанбе гуфт, ки русҳо кантроли таъсисоти ҳароратии Волхонск бо сӯхти зуғолсанг дар Донетскро, ки дувумин неругоҳи бузурги барқии ин кишвар аст, ба даст гирифтанд.

Ба навиштаи хабаргузории “Reuters”, Михаил Подоляк, ҳамчунин тавзеҳ дод, ки Русия дар ҳоли истиқрори густурдаи неруҳои заминии худ ба самти Херсон, Мелитопол ва Запорожской аст.

Ҳамзамон хабарнигори шабакаи “Ал-ҷазира” дар Украина низ гузориш дод, ки 4 инфиҷори қавӣ шаҳри Харков, воқеъ дар шимоли шарқи ин кишварро ларзоанд.

Пеш аз ин, разведкаи иттилооти артиши Англис бо иддаои тадовуми даргириҳои бенатиҷа байни неруҳои русӣ ва украинӣ дар ду минтақаи Донбасс ва Херсон, гуфта буд, ки артиши Русия ба думболи ақибкашидани танкҳо ва мошинҳои низомии осебдида барои таъмир аст.

Ин дар ҳоле аст, ки “Мария Захарова” сухангӯи вазорати хориҷаи Русия бо баёни инки Иттиҳодияи Аврупо чашми худро бар фасоди мақомоти Киев баста аст, гуфт онҳо бо тадовуми кумаки низомӣ ба Украина, дар хусуматҳои бештар сармоягузори мекунанд.

Русия дар таърихи 24 феврал амалиёти низомии вижаи худро дар Украина оғоз кард. Путин ҳадафи ин амалиётро «ҳимоят аз афроде ки ба муддати ҳашт сол мавриди наслкушии режим Киев қарор гирифтаанд», унвон кард. Ба гуфтаи вай, барои ин манзур, барномарезӣ шуда ки «халъи силоҳ ва ғайринизомисозии Украина» анҷом шавад, то ҳамаи ҷинояткорони ҷангӣ, ки масъули «ҷиноятҳои хунин алайҳи ғайринизомиён» дар минтақа Донбасс ҳастанд, ба дасти адолат супурда шаванд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад