Тоҷикистону Туркия дар масири бим ва умед

Тоҷикистон ва Туркия дар як соли ахир бо вуҷӯди авомили чолишзо дар ростои густарши равобиташон гомҳое бардоштаанд.

Рамазонӣ Раҳимзода вазири кишвар рӯзи душанбе (25 июл) дар сафар ба Анкара бо Сулаймон Суйлу вазири кишвари Туркия тавофуқномаи амниятӣ имзо кард.

Дар дукишвар дар апрели соли ҷорӣ ҳам тавофуқномаи низомӣ бо ҳузӯри вазирони дифоъ имзо карданд.

Агарчӣ Тоҷикистон ва Туркия дар 29 январи 1992 равобити расмии дипламатик бо якдигарро барқарор карданд ва равобити Туркия бо Тоҷикистон дар чорчӯби равобит бо соири ҷумҳӯриҳои Осиёи Марказӣ дар назар гирифта мешавад аммо ба сабаби бӯҳрони дохилии Тоҷикистон дар даҳҳаи 90 ва ҳамчунин нигарони аз сиёсатҳои Туркия дар ин равобит бо сурати камтаре густариш ёфт.

Бо таваҷҷӯҳ ба таниҳшои ахири Қирғизистон ва Тоҷикистон, ҳамонтавре, ки Генерал Комчибек Тошиев раиси Кумитаи давлати амниятӣ миллии Қирғизистон гуфтааст: Қирғизистон супориши паҳбоди (бойроктор ТВ2) -ро ба Туркия додааст ва афроде, ки қарор аст аз ин паҳбодҳо истифода кунанд дар Туркия омӯзиш дидаанд.

Бинобар ин харидани паҳбодҳои байрақдори Туркия тавассути қавоӣ низомии Қирғизистон бо вуҷуди такзиби ин кишвар дар хусуси истифода аз онҳо дар ҷараёни даргириҳои пароканда бо Тоҷикистон дар як соли ахир ва ҳамчунини ҳузӯри азои Гурӯҳи-24 ба унвони яке аз гурӯҳҳои мухолифи давлати Тоҷикистон дар Туркия, дар солҳои ахир Душанберо нисбат ба роҳбӯрдҳои низомӣ ва сиёсии Анкара нигарон кардааст.

Бинобар ин мақомоти кишвар дар як соли ахир дар ростои коҳиши нигарониҳо, таҳдидот ва густариши равобит дар ҳавзаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, амниятӣ ва низомӣ, музокирот ва тафоҳумномаҳои муқадимотӣ бо давлати Туркияро оғоз кардааст.

Аз ҷумлаи ин маворид тавофуқномаи амниятии ахир, ки бар асоси эълони Вазорати кишвари кишвар пиромуни мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва соири ҷароими фаромилли анҷом шудааст.

Агар чӣ ҷузъиёти ин тавофуқ ба берун дар пайдо накарда аммо гумоназаниҳо бештар марбут ба ҳамкории амниятӣ дар хусуи маҳдудсозӣ ва ҳатто эҳтимоли истирдоди азои Гурӯҳи-24 ва ҳамчунин ҳамкории амниятӣ дар бораи шиносоии ҳастаҳои хомуши гурӯҳҳои террористӣ ҳамонанди ДИИШ дар Осиёи Марказӣ аст.

Чаро, ки Тоҷикистон ҳам Гурӯҳи 24-ро ифротгаро мехонад ва ҳам нисбат ба як мавзӯъи дигари амниятӣ дар сатҳи олӣ ибрози нигарони кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст: Радикализм, ифротгароӣ ва ҳастаҳои хомушги гурӯҳҳои террористӣ таҳдидҳои ҷиддӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд.

Бинобар ин ду мавзӯъ Гурӯҳи-24 ба воситаи ҳузӯри азояш дар Туркия ва ҳамчунин шиносоии ҳастаҳои хомӯши гурӯҳҳои террористӣ дар Осиёи Марказӣ ба воситаи иттилооти ба даст омада аз аносири дастгир шудаи ДИИШ дар Истанбул дар моҳҳои ахир метавонад муҳтаҳамилтарин меҳварҳои тавофуқи амниятии Тоҷикистон бо Туркия бошад, ки бо вожгуни мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ дар иттилоияи Вазорати кишвар мунакис шудааст.

Ҳамчунин манофеи Туркия дар Осиёи Марказӣ ҳам сабаб шудааст, ки ин кишвар дар ростои рафъи нигарониҳои Тоҷикистон гом бардорад.

Муҳаммади Принчек коршиноси равобити Туркия ва Осиёи Марказӣ ҳам дар ин бора мегуяд: Бо вуҷӯди турк набудани Тоҷикистон, ин кишвар аз назари Туркия, ҳам ба далели ҷойгоҳи ҷуғрофиёияш дар масалаи Афғонистон ва ҳам манофеъи роҳбӯрдии Туркия дар Осиёи Марказӣ аҳамияти болое дорад.

Бо ин ҳол ҳузӯри бархе аз гурӯҳҳои мухолифи давлати Тоҷикистон ҳамонади Гурӯҳи-24 дар Туркия дар солҳои ахир боиси нигаронии Душанбе будааст.

Ҳамон тавре, ки Йешим Демир узви ҳайати мудири марказӣ муттолеоти стратежики Онкои Туркия низ бо изғон ва хадша ворид шудан ба равоти ин кишвар бо Тоҷикистон дар дифоъ аз иқдоми давлати Туркия мегуяд: Бархе аз фаъолони сиёсӣ ва иҷтимоии апазитсияи тоҷик, Туркияро барои азимат ва иқомат интихоб кардаанд ва ин кишвар то замоне, ки ин афрод ҷурме муртакиб нашудаанд қодир ба ихроҷ ва лағви иқомати онҳо нест.

Дар ҳоле, ки давлати Туркия бо вуҷуди атои иқомат ба аъзои Гурӯҳи-24 гоҳе онҳоро дастгир ва муҳокима ҳам кардааст. Ҳамон тавре, ки Суҳроби Зафар раҳбари ин гурӯҳ қаблан дар ин бора гуфтааст: Ман қаблан себор аз ҷониби мақомоти Туркия боздошт шудаам ва моҳҳо дар боздошт мондаам.

Ба назар мерасад баҳрагирӣ аз гурӯҳҳои мухолифи Тоҷикистон монанди абзорҳои имтиёзгирии чоназанӣ дар дар равобити Анкара ва Душанбе сабаби шаклгирии зеҳният ва фазои манфӣ дар ин равобит шуда ва кумакҳои таслиҳотии Туркия ба Қирғизистон ин вазъиятро ташдид кардааст.

Дар як ҷамъбандии кулли метавон гуфт, густариши равобити кишварҳои минтақа бар асоси манофеи мутқобил ва баҳрагирӣ аз зарфиятҳои минтақаӣ ва суботзо ҳамонади мақбулаи транзети ва каридури Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон ва Туркия метавонад боиси убуре аз чолишзоии сиёсӣ ва амниятӣ ва тамаркуз бар тавсиаи ҳамкориҳои минтақаӣ ва даста ҷамъи мешавад.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад