Мақомот дар пайи кишварҳои қабулкунандаи муҳоҷирон

Мақомоти кишвар талош доранд, ки кишварҳои қабулкунандаи муҳоҷиронро афзоиш диҳанд.

Бар асоси гузоришҳо, дар ҳамин робита мақомоти кишвар соли равон теъдоди 126 муҳоҷири тоҷикро ба яке аз кишварҳои аврупоӣ, Бритониёи Кабир фиристодаанд.

Дар ин бора имрӯз, 26 июл зимни нишасти матбуотӣ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар Ширин Амонзода хабар дод.

Ба гуфтаи вазир меҳнат, боз 200 нафари дигар интизори гирифтани раводиди ин кишвар ҳастанд.

Ширин Амонзода  гуфт, шаҳрвандони Тоҷикистон дар Бритониё асосан дар корҳои мавсимии гармхонаҳо кор мекунанд.

Мақомот мегӯянд, талош доранд теъдоди кишварҳои қабулкунандаи муҳоҷирони тоҷикро зиёд кунанд.

Ба гуфтаи ӯ, феълан 90 дарсади муҳоҷирон барои кор ба Русия ва 5 дарсад ба Қазоқистон мераванд.

Зикр шуд, ки дар шаш моҳи соли равон 322 ҳазору 68 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, ки нисбат ба ҳаиин давраи соли гузашта 2 маротиба зиёд мебошад.

Ҳамин тариқ, дар ин давра аз хориҷи кишвар 240  ҳазору 596 муҳоҷири меҳнатӣ ба ватан баргаштанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,5 маротиба зиёд мебошад.

Қаблан дар Вазорати меҳнат хабар дода буданд, ки ширкати бритониёӣ шаҳрвандони Тоҷикистонро барои кори мавсимӣ ба ин кишвар даъват кардааст ва то ҳол ҳудуди 1 ҳазор нафар дархости муҳоҷират додаанд, вале баъди имтиҳони забони англисӣ ҳудуди 250 нафари онҳо (ҳамон вақт) пазируфта ва интизори даъвати кор ҳастанд.

“Талаботи ширкат танҳо як аст: донистани забони англисӣ дар сатҳи муошират. Дар Бритониё онҳо дар як рӯз то ҳашт соат кор мекунанд ва барои ҳар соат кор то 12 доллар мегиранд. Дар як моҳ ҳудуди 1,5-2 ҳазор фунт стерлинг кор мекунанд. Муҳлати шартномаи кор шаш моҳ аст. Баъди шаш моҳ муҳоҷири тоҷик бояд ба ватан баргардад,-гуфта буданд дар Вазорат.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад