Рӯзона 400 тоҷик шаҳрвандии Русияро дарёфт мекунанд

Бар асоси охирин гузоришҳо, беш аз 2 миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар қайди муҳоҷират дар Русия қарор доранд.

Шаҳрвандони тоҷик аз рӯи теъдоди афроде, ки дар нимаи аввали соли 2022 шаҳрвандии Русияро гирифтанд, пас аз Укроин дар ҷои дуввум қарор доранд. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ 74 ҳазору 162 зодаи Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд. Ин омор дар як шабонарӯз ҳудуди 410 нафарро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии Русия, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ қариб 287,5 ҳазор нафар шаҳрвандии Русияро гирифтанд. Аз ин шумор 204 ҳазору 820 нафар аз кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мебошанд.

Теъдоди 104 ҳазору 168 нафаре, ки шиносномаи Русия гирифтаанд, шаҳрвандони Укроин буда, дар гирифтани шаҳрвандии Русия дар зинаи аввал қарор доранд.  Дар ҷои дуюм Тоҷикистон қарор дорад.

Ба ғайр аз шаҳрвандони тоҷик, кишвар Арманистон бо 22 ҳазору 136 нафар дар зинаи сеюм аст.  Дар зинаҳои баъдӣ Қазоқистон (21 ҳазору 647 нафар), Узбекистон (13 ҳазору 99 нафар), Озарбойҷон (12 ҳазору 329 нафар)), Қирғизистон (10 ҳазору 632 нафар)), Белорус (8 ҳазору 853 нафар), Молдова (8 ҳазору 239 нафар), Гурҷистон (1 ҳазору 840 нафар), Туркманистон (1 ҳазору 549 нафар), Литва (137 нафар), Латвия (134 нафар) ва Эстония (57 нафар) қарор доранд.

Гуфта мешавад, як сол қабл теъдоди хориҷиёне, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, 64 ҳазору 167 нафар бештар будааст. Яъне шумораи онҳо 12 фоиз кам шудааст.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии Русия, теъдоди хориҷиёне, ки ба қайди муҳоҷират ворид шудаанд, афзоиш ёфтааст. Дар шаш моҳи аввал ин рақам нисбат ба соли гузашта қариб 3 миллион нафар афзуда, беш аз 8 миллион нафарро ташкил дод.

Аз ҷумла, имрӯз 2 миллиону 156 ҳазору 25 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия сабти ном шудаанд, ки 1 миллиону 774 ҳазору 034 нафарашон барои дарёфти кор ба Русия омадаанд.

Дар 6 моҳи соли ҷорӣ 24 ҳазору 698 нафар шаҳрвандони тоҷик иҷозаи иқомати муваққатӣ (РВП) ва 51 ҳазору 463 нафар ҳуҷҷати иҷозаи иқомат (ВНЖ) гирифтаанд.

Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии Русия, дар соли 2021-ум 103 ҳазору 681 шаҳрвандони тоҷик шаҳрвандии Русияро дарёфт карда буданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад