Нопадид шудани ҳамкори Иззат Амон аз боздоштгоҳи Курск

Пайвандони Эмомалӣ Холов, ҳамкори пешини Иззат Амон, ҳомии зиндонии муҳоҷирон, гуфтанд, ки ӯ аз боздоштгоҳи муваққатии (СИЗО)-и Курски Русия “нопадид” шудааст.

Пайвандони Эмомалӣ Холов, ҳамкори пешини Иззат Амон, ҳомии зиндонии муҳоҷирон, гуфтанд, ки ӯ аз боздоштгоҳи муваққатии (СИЗО)-и Курски Русия “нопадид” шудааст.

Дилором Боймуҳаммедова, ҳамсари Эмомалӣ Холов, рӯзи 1 уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, субҳи панҷшанбе вакили мудофеъи Эмомалӣ гуфт, ки масъулони боздоштгоҳ ӯро озод кардаанд, вале куҷост намедонанд.

Вай мегӯяд :

“Вакили мудофеъ занг зада гуфт, ки чаҳор соат дар даромадгоҳи боздоштгоҳ мунтазири мулоқот нишастааст. Баъд масъулони СИЗО омада гуфтанд, ки раҳо шудааст. Ба ӯ занг мезанад, ҷавоб намедиҳад ва то ҳол даракаш нест. Ба ман ҳам тамос нагирифтааст ”.

Сӯҳроби Ҷаҳон, корманди пешини “Маркази тоҷикон”, рӯзи 1-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, Вакили мудофеъ ба вай гуфтааст, ба Раёсати пулиси Курск ва ба додситонӣ шикоят хоҳад бурд, ки дар нисбат ба зерҳимояаш амалҳои ғайриқонунӣ сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи ӯ, вакили мудофеъ тахмин мезанад, ки эҳтимол ӯро ба Тоҷикистон истирдод карда бошанд.

Эмомалӣ Холовро як моҳ қабл бо дархости Тоҷикистон дар вилояти Курски Русия дастгир кардаанд.

Эмомалӣ Холови 30-сола зодаи ноҳияи Данғара буда, чанд сол боз дар Русия кору зиндагӣ дорад. Ӯ дар “Маркази тоҷикон”-и зери раҳбарии Иззат Амон ба ҳайси ихтиёрӣ ё ризокор фаъолият дошта, дар аҳди пандемияи коронавирус ба муҳоҷирони дармонда мадад кардааст.

Сӯҳроби Ҷаҳон, корманди пешини “Маркази тоҷикон” 29-уми июн гуфта буд,

Вай афзуд :

«аз вакили мудофеяш хабардор шудем, ки ӯро Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Данғара ба гумони тундгароӣ ба ҷустуҷӯ додааст “.

Дар номаи Шуъбаи корҳои дохилии Горшеченский ба додситонии ҳамин ноҳия низ гуфтаанд, “Эмомалӣ Холов бар асоси муроҷиати сардори ШКД-и Данғара Ҳафиззода П.Х. аз 3 юми марти соли 2021 дар пайгард аст”. Нусхаи нома дар ихтиёри Радиои Озодӣ ҳаст.

Ба нақли Дилором Боймуҳаммедова, ҳамсари Эмомалӣ Холов, маъмурони пулис ӯро 26-уми майи имсол дар истгоҳи мусофирбарҳо дар Горшеченский дастгир кардаанд.

Пайвандонаш мегӯянд, дар сурати таслим шуданаш ба Душанбе эҳтимол ӯро шиканҷа ва ҳукми тӯлонии зиндон интизор аст.

Иззат Амон, раиси созмони “Маркази тоҷикон” дар Маскав, рӯзи 25-уми марти соли 2021 аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз қаламрави ин кишвар ронда шуд.

Аз замони боздошт ва ҳабси Иззат Амон то ин дам “Маркази тоҷикон”-и зери раҳбарии ӯ баста ва чанде аз ҳамкоронаш дар Русия мавриди таъқибу таҳдид қарор гирифтаанд. Муҳаммадхон Эгамов, яке аз ҳамкорони собиқи Иззат Амон, дар Русия дастгир шуда, Бахтовар Ҷумъаев, Сӯҳроби Ҷаҳон ва Ҳусейн Ишанқулов аз афзоиши фишор ба худу наздиконашон дар дохили кишвар шикоят карда буданд.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Як ҳамкори пешини Иззат Амон, ҳомии зиндонии муҳоҷиронро бо дархости Тоҷикистон дар вилояти Курски Русия дастгир кардаанд.

Пайвандони Эмомалӣ Холов ташвиш доранд, ки эҳтимол ӯ ба зудӣ ба Душанбе фиристода шавад. Мақомоти Тоҷикистон шарҳ намедиҳанд, аммо дар номае ба ҷониби Русия навиштаанд, ки ӯ аз моҳи марти соли 2021 дар ҷустуҷӯст. Наздиконаш гуфтанд, Холов ба тундгароӣ гумонбар аст.

Эмомалӣ Холови 30-сола аз Данғара чанд сол боз дар Русия кору зиндагӣ дорад. Ӯ дар “Маркази тоҷикон”-и зери раҳбарии Иззат Амон ба ҳайси ихтиёрӣ ё ризокор фаъолият дошта, дар аҳди пандемияи коронавирус ба муҳоҷирони дармонда мадад кардааст.

Сӯҳроби Ҷаҳон, корманди пешини “Маркази тоҷикон”, рӯзи 27-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, масъулони Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Горшеченскийи вилояти Курск тасмим гирифтаанд, Холовро ба Маскав фиристанд.

Вай афзуд :

“Аз вакили мудофеяш хабардор шудем, ки ӯро Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Данғара ба гумони тундгароӣ ба ҷустуҷӯ додааст “.

Дар номаи Шуъбаи корҳои дохилии Горшеченский ба додситонии ҳамин ноҳия низ гуфтаанд, “Эмомалӣ Холов бар асоси муроҷиати сардори ШКД-и Данғара Ҳафиззода П.Х. аз 3 юми марти соли 2021 дар пайгард аст”. Нусхаи нома дар ихтиёри Радиои Озодӣ ҳаст.

Ба нақли Дилором Боймуҳаммедова, ҳамсари Эмомалӣ Холов, маъмурони пулис ӯро 26-уми майи имсол дар истгоҳи мусофирбарҳо дар Горшеченский дастгир кардаанд. Аз он замон то кунун дар боздоштгоҳ аст. Мақомот ҳанӯз тасмими ниҳоӣ нагирифтаанд, ки ӯро раҳо кунанд, дар боздошт нигоҳ доранд ва ё ба Тоҷикистон бидиҳанд.

Пайвандонаш мегӯянд, дар сурати таслим шуданаш ба Душанбе эҳтимол ӯро шиканҷа ва ҳукми тӯлонии зиндон интизор аст.

Дилором Боймуҳаммедова мегӯяд :

“Чанд фарзандамон шаҳрвандии Русияро доранд. Аз номи онҳо ба мақомоти тафтишотӣ муроҷиат мекунем, ки истирдод накунанд. Ӯ ҳеч гуноҳ накардааст, танҳо ба муҳоҷирон ёрӣ додааст ” .

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад