Боздошт ва эҳтимоли истирдоди ҳомии Иззат Амон аз Русия ба Душанбе

Як ҳамкори пешини Иззат Амон, ҳомии зиндонии муҳоҷиронро бо дархости Тоҷикистон дар вилояти Курски Русия дастгир кардаанд.

Як ҳамкори пешини Иззат Амон, ҳомии зиндонии муҳоҷиронро бо дархости Тоҷикистон дар вилояти Курски Русия дастгир кардаанд.

Пайвандони Эмомалӣ Холов ташвиш доранд, ки эҳтимол ӯ ба зудӣ ба Душанбе фиристода шавад. Мақомоти Тоҷикистон шарҳ намедиҳанд, аммо дар номае ба ҷониби Русия навиштаанд, ки ӯ аз моҳи марти соли 2021 дар ҷустуҷӯст. Наздиконаш гуфтанд, Холов ба тундгароӣ гумонбар аст.

Эмомалӣ Холови 30-сола аз Данғара чанд сол боз дар Русия кору зиндагӣ дорад. Ӯ дар “Маркази тоҷикон”-и зери раҳбарии Иззат Амон ба ҳайси ихтиёрӣ ё ризокор фаъолият дошта, дар аҳди пандемияи коронавирус ба муҳоҷирони дармонда мадад кардааст.

Сӯҳроби Ҷаҳон, корманди пешини “Маркази тоҷикон”, рӯзи 27-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, масъулони Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Горшеченскийи вилояти Курск тасмим гирифтаанд, Холовро ба Маскав фиристанд.

Вай афзуд :

“Аз вакили мудофеяш хабардор шудем, ки ӯро Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Данғара ба гумони тундгароӣ ба ҷустуҷӯ додааст “.

Дар номаи Шуъбаи корҳои дохилии Горшеченский ба додситонии ҳамин ноҳия низ гуфтаанд, “Эмомалӣ Холов бар асоси муроҷиати сардори ШКД-и Данғара Ҳафиззода П.Х. аз 3 юми марти соли 2021 дар пайгард аст”. Нусхаи нома дар ихтиёри Радиои Озодӣ ҳаст.

Ба нақли Дилором Боймуҳаммедова, ҳамсари Эмомалӣ Холов, маъмурони пулис ӯро 26-уми майи имсол дар истгоҳи мусофирбарҳо дар Горшеченский дастгир кардаанд. Аз он замон то кунун дар боздоштгоҳ аст. Мақомот ҳанӯз тасмими ниҳоӣ нагирифтаанд, ки ӯро раҳо кунанд, дар боздошт нигоҳ доранд ва ё ба Тоҷикистон бидиҳанд.

Пайвандонаш мегӯянд, дар сурати таслим шуданаш ба Душанбе эҳтимол ӯро шиканҷа ва ҳукми тӯлонии зиндон интизор аст.

Дилором Боймуҳаммедова мегӯяд :

“Чанд фарзандамон шаҳрвандии Русияро доранд. Аз номи онҳо ба мақомоти тафтишотӣ муроҷиат мекунем, ки истирдод накунанд. Ӯ ҳеч гуноҳ накардааст, танҳо ба муҳоҷирон ёрӣ додааст ” .

Иззат Амон, раиси созмони “Маркази тоҷикон” дар Маскав, рӯзи 25-уми марти соли 2021 аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз қаламрави ин кишвар ронда шуд.

Мақомоти Тоҷикистон ӯро бар асоси ду парванда ва бо гуноҳи қаллобӣ дар умум ба понздаҳ сол зиндон маҳкум карданд. Ҷонибдоронаш ҳукмро дорои ангезаҳои сиёсӣ медонанд. Худашу наздиконаш низ даъвоҳо ва ҳукмро напазируфтанд, вале аз идомаи баҳси додгоҳӣ даст кашиданд.

Аз замони боздошт ва ҳабси Иззат Амон то ин дам “Маркази тоҷикон”-и зери раҳбарии ӯ баста ва чанде аз ҳамкоронаш дар Русия мавриди таъқибу таҳдид қарор гирифтаанд. Муҳаммадхон Эгамов, яке аз ҳамкорони собиқи Иззат Амон, дар Русия дастгир шуда, Бахтовар Ҷумъаев, Сӯҳроби Ҷаҳон ва Ҳусейн Ишанқулов аз афзоиши фишор ба худу наздиконашон дар дохили кишвар шикоят карда буданд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад