Фоидаи узвияти Тоҷикистон дар ИИАО барои муҳоҷирони тоҷик

Ба гуфтаи коршинос, 95 дарсади кулли муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Русия мераванд: аммо ҳоло бархе омилҳо онҳоро аз кишвар дур месозад.

Ба гуфтаи коршинос, 95 дарсади кулли муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Русия мераванд: аммо ҳоло бархе омилҳо онҳоро аз кишвар дур месозад.

Номзади илмҳои иқтисод, раиси Маркази тадқиқоти аграрӣ ва амнияти озуқаворӣ, ходими пешбари Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои Русия Ирина Дерюгина яке аз бартариҳои аслии пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳодияи Иқтисоди АвруОсиё

барои муҳоҷирони ин кишварро номбар кард.

Коршинос қайд кард :

“Айни замон барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия барои кор патент лозим аст, ки барои он моҳе наздики 6 ҳазор рубл пардохт мекунанд. Дар сурати пайвастани Тоҷикистон ба ИИАО, зарурат ба ин санад барои муҳоҷирон аз байн меравад”.

Ба гуфтаи Дерюгина, дар пасманзари таҳримҳо арзиши пули русӣ ва интиқоли пул барои хориҷиён нақши муҳим дорад, ки ба далели канда шудани чанде аз бонкҳо аз низоми SWIFT шояд мушкил гардад.

Коршинос дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон тавзеҳ дод, “агар қурби рубл башиддат поин равад, кор дар Русия барои муҳоҷирон бефоида мешавад, зеро онҳо рублро ба пули миллӣ иваз мекунанд”.

Дерюгина ёдовар шуд, ки муҳоҷирати корӣ ба Русия аз Тоҷикистон ҳудуди 1,5 миллион нафарро ташкил медиҳад.

Дар баробари ин 95%-и тамоми муҳоҷирони ҷумҳурӣ ба Русия меоянд. Ҳамин тариқ, сокинони кишвар, 12% тамоми қувваи кориро ташкил медиҳанд – ин хеле зиёд аст, қайд кард коршинос.

Вай шарҳ дод :

“Саҳми онҳо дар ММД-и Русия тақрибан 8% -ро ташкил медиҳад, ки дар соли 2021 амалан 8,5 триллион рубл ё барои ҳар як муҳоҷири корӣ 1 миллион рубл аст”.

Дерюгина гуфт, акнун ба Русия нерӯи кории хориҷӣ бештар лозим хоҳад шуд.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Диловар Қодирзода таи нишасти хабарии масулони ин марказ дар шаҳри Душанбе гуфтааст узвият дар ин Иттиҳодия, барои Тоҷикистон ба манзури касби имтиёз дар баҳси ҳузури коргарони муҳоҷири ин кишвар дар Русия аҳамият дорад. Аммо дар мавриди тавони рақобатии бахши санойеъи Тоҷикистон дар баробари тавлидоти кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё тардидҳое вуҷуд дорад,ки бояд ин мавзу ба таври ҳамаҷониба баррасӣ шавад.

Ба гуфтаи вай,барои ин манзур маркази пажуҳишҳои роҳбурдии вобаста ба ниҳоди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон як гузориши 70 саҳифаие омода кардааст,ки дар ин санад абъоди мусбат ва манфии узвияти ин кишвар дар Иттиҳодияи иқтисодии Авру Осиё баррасӣ шудааст.

Ба гуфтаи Қодирзода дар ҳоли ҳозир коргурӯҳи вижаи ҳукумати Тоҷикистон саргарми баррасии ин гузориш ҳастанд.

Тоҷикистон аз соли 2015 мавзуи узвият дар Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиёро баррасӣ мекунад.

Русия, Беларусия, Қазоқистон, Арманистон, ва Қирғизистон узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ҳастанд ва кишвари Малдавия ба унвони узви нозир дар фаъолияти ин ниҳоди ҳамгароии минтақаӣ мушорикат мекунад.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад