Аввалин сафари валиаҳди Саудӣ ба Қатар пас аз барқарории муносибот

Валиаҳди Арабистон барои нахустин бор пас аз қатъи равобит дар чаҳор соли пеш, вориди Доха шуд ва мавриди истиқболи амир Қатар қарор гирифт.

Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Арабистон рӯзи чаҳоршанбе ва дар идомаи сафари давраии худ ба кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс барои нахустин бор пас аз қатъи равобит дар чаҳор соли пеш, вориди Доха шуд. Ӯро Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ, амир Қатар истиқбол гирифт.

Арабистони саудӣ, Аморот муттаҳида арабӣ ва Баҳрайн дар июни 2017 тамоми равобити худро бо Қатар қатъ карданд ва муддаӣ шуданд Қатар ҳамроҳ бо Эрон аз гурӯҳҳои исломгарои ифротӣ ҳимоят мекунад Иттиҳомоте, ки Доха онро рад кард. Аммо равобит Арабистон ва Қатар аз январи соли ҷорӣ бор дигар эҳё шуд.

Арабистони саудӣ пеш аз қатъи равобити иқтисодӣ ва сиёсӣ дар соли 2017 беш аз 3 миллиард доллар ба Қатар дар солҳои 2012 ва 2013 содирот доштааст. Аммо дар авҷ равобити иқтисодии ду кишвар дар солҳои пеш аз вуқӯъи буҳрони соли 2017, Қатар дар болотарин сатҳ ҳудуд 633 миллион доллар ба Арабистони саудӣ содирот доштааст.

Бинобар ин тақвияти равобити иқтисодӣ бо Қатар ба унвони як бозори миллиарддолларб барои Арабистони саудӣ, ки дар талош барои ҷуброни рукуд баромада аз ҳамагирии коруно мебошад, дорои аҳамият аст.

Сафари валиаҳди Арабистон ба Доха дар шароите анҷом шуд, ки талошҳои дипломатик барои ҳали муноқишоти минтақаӣ ба вежа бо Эрон ва Туркия дар ҷараён аст.

Раҷаб Таййиб Урдуғон, раисҷумҳури Туркия ин ҳафта барои гуфтугӯҳои дурӯза ба Қатар сафар карда буд. Давлати Урдуғон дар ҷараёни таҳрими Қатар аз сӯи Арабистони саудӣ ҷониб Дохаро гирифт ва ҳамин амр мӯҷиб шуд то равобити иқтисодӣ ва сиёсии ду кишвар тақвият шавад.

Танишҳо байни Анқара ва Риёз пас аз қатли Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори саудӣ дар соли 2018 дар консулгарии Арабистон дар Истамбул ташдид шуд.

Аммо Туркия, ки дар пайи суқути арзиши лир ва рушди таваррум бо буҳрони иқтисодӣ мувоҷеҳ шудаааст ба думболи бозсозии равобити худ бо Аморот ва Арабистони саудӣ аст. Дар ҳамин ҳол, Эрон низ тайи моҳҳои гузашта гуфтугӯҳои мустақимеро бо Арабистон дар Бағдод барои ҳалу фасл масоили фимобайн баргузор кардааст.

Валиаҳди саудӣ пеш аз сафар ба Қатар, аз Уммон вориди Амороти арабии муттаҳида шуда буд ва қарордодҳое ба арзиши 30 миллиард доллар бо сарони ин кишвар имзо карда буд. Ў ҳамчунин рӯз панҷшанбе аз Баҳрайн боздид мекунад ва сипас ба Кувайт хоҳад рафт.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад