Захмӣ шудани 12 корманди интизомӣ дар тазоҳуроти Хоруғ

Дар тазоҳуроти рузҳои 25 -28 ноябр дар шаҳри Хоруғ, 12 нафар корманди мақомоти интизомӣ захмӣ шудаанд.

Дар тазоҳуроти рузҳои 25 -28 ноябр дар шаҳри Хоруғ, 12 нафар корманди мақомоти интизомӣ захмӣ шудаанд.

Тавре дар  баёнияи Раёсати корҳои дохилии вилояти мухтори куҳистони Бадахшон, дар нашрияи “Қонун ва Ҷомеа” омадааст, “12 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дучори ҳамлаи мусаллаҳона шуданд ва аз корду дигар абзори тез ҷароҳат бардоштанд.”

Дар баёния гуфта шудааст, ки  гуруҳи махсуси иборат аз 20 нафар ва 6 намояндаи ҷомеаи маданӣ сабаби марги Гулбиддин Зиёбеков, сокини 29-солаи ноҳияи Роштқалъаро тафтиш ва баррасӣ хоҳад кард.

Дар баёния танҳо аз захмӣ шудани кормандони мақомоти интизомӣ сухан рафтааст. Аммо дар бораи инки оё дар байни тазоҳуркунандагон касе осеб дид ва ё кушта шуд, чизе гуфта нашудааст.

!Ёдовар мешавем, ки рӯзи 25 ноябр як сокини 29-солаи ноҳияи Роштқалъа, Гулбиддин Зиёбеков, ҳангоми боздошт аз ҷониби гуруҳи зудамали ВКД кушта шуд. Тибқи маълумоти расоаишуда, ӯро бо ҳафт тир куштаанд.

Тазоҳурот  дар шаҳри Хоруғ рӯзи 25-уми ноябр замоне шуруъ шуд, ки пайвандони  ки Гулбиддин Зиёбеков, тобути ӯро гирифта ба майдони назди ҳукумати вилояти Бадахшон оварда, аз мақомот талаб карданд, ки сабаби куштани ӯро шарҳ диҳанд.

Бо ҳамсадоӣ аз ин талаби пайвандони Зиёбеков наздик ба панҷ ҳазор нафар сокинони ВМКБ ба майдон омада, тазоҳурот барпо кардан ва ин тазоҳурот то 28 ноябр , то замоне, ки мақомот дар гуфтушунид ба талаби мардум, розӣ шуд, давом кард.

Мақомот Гулбиддин Зиёбековро ба гаравгонгирӣ ва барангехтани кинаву адоват ва маҳалгароӣ муттаҳам карданд  ва дар шарҳи сабаби марги ӯ гуфтанд, ки ҳангоми амалиёти боздошт зиддияти мусаллаҳона нишон дод ва аз тири ҷавобии гурӯҳи зудамал ҷон дод. Пайвандони Зиёбеков ин даъвои мақомотро рад карда гуфтанд, ӯ ҳеҷгоҳ бо худ силоҳ надошт ва бояд  амалиёти боздошт санҷида шавад вакасоне, ки дар қатли Зиёбеков даст доштанд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Пештар дар хабарҳо омада буд, ки :

Мақомоти кишвар дар ҳоле, ки ҳеҷ як аз ваъдаи додаашон ба эътирозгаронро дар Хоруғ иҷро нанамудаанд, ба фишор болои шаҳрвандон шурӯъ кардаанд.

Тибқи иттилоъи Pamir Daily News, мақомот бо ин роҳ мехоҳанд имкони эътирозоти навбатиро камтар кунанд.

Ба раҳбари мактаби деҳаи Тавдем таҳдид кардаанд, ки бинобар ширкати хонандагони ин мактаб дар тазоҳуроти 25-28 ноябр аз кор ронда мешавад.

Ҳамчунин мақомот вохӯриҳо ва “корҳои фаҳмондадиҳӣ” бо омӯзгорони мактаб ва устодони донишгоҳро ба роҳ мондаанд, то онҳоро аз ширкат дар тазоҳуроти имконии оянда боздоранд.

Дар ҳамин ҳол, мақомот ҳеҷ як аз ваъдаҳои додаашон бар пояи гуфтушунид бо эътирозгаронро иҷро накардаанд. Танҳо то ин дам аз ба ҷавобгарӣ кашидани афроди ширкаткарда дар тазоҳурот худдорӣ мекунанд. Аммо маълум нест ин худдорӣ муваққатӣ аст, ё ба аҳдашон вафо кардаанд.

Коршиносон ба ин назаранд, ки ба ҷавобгарӣ накашидани ширкаткунандагони тазоҳурот танҳо ба хотири дубора нашӯронидани мардум аст ва бо гузашти муддате ҳамаи онҳо зери таъқиб қарор хоҳанд гирифт.

Ба гуфтаи бархе корщиносон саббаи то ҳол барқарор нашудани интернет дар Хоруғ ин аст, ки наворҳои зиёде аз тазоҳурот ва тиркушоии мақомоти қудратӣ ба сӯи мардум дар дасти сокинон вуҷуд доранд ва бо барқароршавии интернет ин наворҳо ба расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ хоҳанд ёфт.

Аммо бо ин вуҷуд бархе наворҳо аллакай дар шабакаҳои иҷтимоӣ сайр мекунанд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад