Интишори китоби “Қатли Ҷамол Хошуқҷӣ” дар Туркия

Хабаргузории Анатолии Туркия китоби «Қатли Ҷамол Хошуқҷӣ» рӯзноманигори аҳли Арабистони Саудиро ба се забони туркӣ, англисӣ ва арабӣ мунташир кард.

Дар ин китоб ҷузъиёти зиёде дар мавриди қатли Хошуқҷӣ ба сурати хабар, акс, инфографика ва таҳлил ироа шудааст.

Китоб бо зиндагиномаи Хошуқҷӣ оғоз мешавад ва бо навиштаҳо ва мавозеи вай дар давраи рӯзноманигориаш идома меёбад.

Мавозеъ ва дидгоҳҳои Ҷамол Хошуқҷӣ дар мавриди ҷанги Яман, ҳукумати Арабистони Саудӣ, рӯйкарди Амрико дар мавриди Ихвонулмуслимин ва изҳороти вай дар бораи масоили Сурия ва Миср низ аз дигар матолиби ин китоб аст.

Ҳамчунин ҷузъиёти марбут ба қатли ин рӯзноманигори аҳли Арабистони Саудӣ, ки дувуми октябри 2018 дар сарконсулгарии ин кишвар дар Истамбул иттифоқ афтод ва иқдомоти ду тими қатли вай пас аз вуруд ба Туркия ва пас аз он, аз дигар мавзӯъҳои матраҳ дар ин китоб аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад