Ҳамлаи густарда ба Рафаҳ сабаби фоҷиаи инсонӣ мешавад

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид имрӯз (ҷумъа) ҳушдор дод, ки ҳамлаи заминии густарда дар Рафаҳ боиси “фоҷиаи инсонӣ” шуда ва талошҳои ин ниҳод барои ҳифозат аз мардум дар шароите, ки Ғазза дар остонаи қаҳтӣ қарор дорадро таҳти таъсир қарор медиҳад.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид имрӯз  ҳушдор дод, ки ҳамлаи заминии густарда дар Рафаҳ мунҷар ба як “фоҷиаи инсонӣ” шуда ва талошҳои ин ниҳод барои ҳифозат аз мардум дар шароите, ки Ғазза дар остонаи қаҳтӣ қарор дорадро таҳти таъсир қарор медиҳад.

Ду мақоми амрикоӣ ба CNN гуфтанд, ки музокироти оташбас дар ҳолати таваққуф аст, дар ҳоле, ки Исроил амалиёти низомии худро дар Рафаҳ афзоиш медиҳад,.

Гутерриш дар ҳошияи конфронси ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Найробӣ гуфт: “Сарнавишти фаластиниҳо, исроилиҳо ва тамоми минтақа дар тавозун овезон аст.”

Вай афзуд: “Ман дубора аз давлати Исроил ва раҳбарии Ҳамос мехоҳам, ки шуҷоати сиёсии худро нишон диҳанду аз ҳеҷ талоше барои дастёбӣ ба тавофуқ барои таваққуфи хунрезӣ ва озодии гаравгонҳо дареғ накунанд.”

Гутерриш ҳамчунин таъкид кард, ки бо идомаи ҳамалоти ҳавоӣ дар саросари ҷануби Ғазза, вазъият дар Рафаҳ “бар лабаи теғ” аст.

Вай гуфт: “Мо ба таври фаъол бо ҳамаи дастандаркорон барои аз саргирии вуруди таҷҳизот -аз ҷумла сӯхти мавриди ниёз- аз тариқи гузаргоҳҳои Рафаҳ ва Карам Абусолим дар таомул ҳастем.”

Гутерриш сипас дархости худ барои оташбаси фаврӣ дар Ғазза, озодии фаврӣ ва бидуни қайду шарти гаравгонҳо ва афзоиши густардаи кумакҳои наҷотдиҳандаро такрор кард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад