Ҳузури сафири Амрико дар оромгоҳи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҷон Поммершайм ба шаҳри Панҷакент сафар кард ва ба лоиҳаи барқарорсозии шаҳраки қадимӣ оғоз бахшид.

Ҷон Поммершайм, сафири Амрико дар Тоҷикистон ба шаҳри Панҷакент сафар кард, оромгоҳи асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс – Абуабдуллоҳи Рӯдакиро зиёрат кард ва ба лоиҳаи барқарорсозии шаҳраки қадимӣ оғоз бахшид.

Дар ин бора дар саҳифаи сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон дар Instagram хабар дода мешавад. Ҳамчунин аз ин сафари сафир наворе нашр шудааст, ки дар он Ҷон Поммершайм ба забони тоҷикӣ суҳбат мекунад ва ду порчае аз эҷодиёти Абуабдуллоҳи Рӯдаиро қироат мекунад.

“Ҳеҷ ганҷе беҳтар аз фарҳанг нест

То тавонӣ рӯй бар ин ганҷ неҳ”.

Дар ин росто, сафири Амрико дар Тоҷикистон хабар дод, ки ба шаҳри Панҷакент барои оғоз бахшидан ба лоиҳаи барқарорсозии шаҳраки қадимӣ омадааст.

Ин бори аввал нест, ки мақомдорони амрикоӣ ба забони тоҷикӣ аз эҷодиёти шоирони классики тоҷик шеърҳо қироат мекунанд.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз чунин иқдоми мақомдорони амрикоӣ хуш истиқбол мекунанд ва онро нишони эътирофи фарҳанги бойи тоҷикон аз ҷониби амрикоиҳо медонанд.

Қайд карда мешавад, ки Ҷон Марк Поммершайм дар таърихи 22-юми феврал дар Вашингтон ба унвони сафири ҷадиди ин кишвар дар Тоҷикистон савганд ёд кард ва ба Душанбе сафар кард ва дар тӯли ҳузураш ба назар мерасад фаъолиятҳои зиёде доштааст ва сабаби кумакҳои зиёде аз ҷониби кишвараш ба Тоҷикистон ба вижа дар замони авҷи пандемияи коронавирус доштааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад