Лукашенко: аз Полша мехоҳам таҳдидҳояшро амалӣ кунад!

Раиси ҷумҳури Беларус зимни ишора ба таҳдидҳои мақомоти полшавӣ барзидди Минск, эълом кард, ки ин масаъла дар ихтиёри Варшава аст то ба таҳдидҳояш ҷомаи амал бипушонад, аммо ҳамзамон авоқибашро низ дар назар бигирад.

 

 

Ба гузориши хабаргузории  “РИА Новости”, “Александр Лукашенко”, раиси ҷумҳури Беларус ба мақомоти Полша дар бораи авоқиби таҳдидҳояшон бар зидди Минск, ҳушдор дод.

Вай дар ин бора гуфт: як масъалаи дигар бигӯям. Ин нукта эҳтимолан ба мазоқи Полшавиҳо хуш хоҳад омад. Шумо эҳтимолан шунидаед, ки ин сиёсатмадорон ва раҳбарони ваҳшии Полша мудом таҳдид мекунанд ва мегӯянд «мо марзро мебандем, гузаргоҳи роҳи оҳани марзиро мебандем. Дар ин робита фақат метавонам бигӯям, ки хоҳиш мекунам бибандед. Чунон чӣ барои шумо роҳаттар аст, бибандед. Аммо, қабл аз анҷоми ин кор, онҳо бояд ба ин масаъла фикр кунанд, ки читур қарор аст бо Русия, Чин ва ба таври кул бо шарқ иртибот дошта бошанд.

Раиси ҷумҳури Беларус ҳамчунин гуфт, хостори бунбаст дар бораи масъалаи паноҳҷуён дар марзи Беларус ва Полша, ки метавонад мамлу аз даргирии низомӣ бошад, нест.

Александр Лукашенко, дар ин робита гуфт: аз ин назар, лозим аст ба полшавиҳо, ба так такашон бифаҳмонам ва ба онҳо нишон диҳам, ки мо ваҳшӣ нестем, мо бунбаст намехоҳем, мо ба он ниёзе надорем.

Вай дар идома гуфт: медонем ки агар дар инҷо зиёдаравӣ кунем, ҷанг иҷтиноб нопазир аст ва ин як фоҷеъа хоҳад буд. Мо ҳеҷ касеро ба таври амд аз тариқи марз бо иттиҳодияи Аврупо, мунтақил намекунем ва нахоҳем кард.

Пештар ва дар ҳамин робита, “Матеуш Моравецки”, нахуст вазири Полша дар суханоние Лукашенкоро ба тадоруки ҷанги таркибӣ алайҳи иттиҳодияи Аврупо муттаҳам карда буд.

Нахуст вазири Полша муддаӣ шуд: ин бузургтарин талош барои бе сабот кардани Аврупо дар 30 соли ахир аст. Мо бояд бо ҳам бошем то аз Аврупо дифоъ кунем.

Вай ҳамчунин изофа кард: Полша таслими таҳдидҳо нахоҳад шуд ва барои дифоъ аз марзҳои иттиҳодияи Аврупо ҳар коре хоҳад кард.

Иттиҳодияи Аврупо ва Полша давлати Минскро муттаҳам карда, ки аз ҳазорон муҳоҷири ғайриқонунӣ ба унвони абзори ҷанги таркибии (Гибридӣ) истифода мекунад ва аз тариқи хутути ҳавоӣ онҳоро ба Беларус мунтақил ва сипас роҳии марзи Полша, Литва ва Латвия мекунад то аз онҷо роҳии Аврупои ғарбӣ шаванд.

Минск иттиҳомоти фавқро ба шиддат рад ва эълом карда аст, ки ба хотири таҳримҳои эъмол шуда алайҳи Беларус, тавонои мудирияти паноҳҷӯёнро надорад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад