Александр Лукашенко: Як миллиард дол­лар силоҳ аз Русия харидорӣ мекунем

Раиси ҷумҳури Беларус, аз қасди ин кишвар барои хариди як миллиард дол­лар силоҳ аз Русия хабар дод ва афзуд баҳс дар бораи таъмини эҳтимолии системаҳои мушакии "S-400" барои ин кишвар низ дар ҷараён аст.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Александр Лукашенко”, раиси ҷумҳури Беларус имрӯз (якшанбе) ба хабарнигорон гуфт, Беларус дар ҳоли барнома резӣ барои хариди беш аз як миллиард дол­лар аслаҳа аз Русия аст ва афзуд баҳс дар бораи таъмини эҳтимолии системаҳои мушакии “S-400” барои ин кишвар дар ҷараён аст.

Ба навиштаи хабаргузории “ТАС”, Русия, як рӯзномаи Беларусӣ ба нақл аз вай гузориш дод: ҷиҳати ғарбии Беларус акнун комилан таҳти пӯшиши системаҳои мушакии “S-400” аст. Аммо мо акнун ҷиҳати ҷанубиро дорем.

Александр Лукашенко, хотир нишон кард, ки дар дидори ахир бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар Кремлин ба масоили дифоӣ ва амниятӣ таваҷҷӯҳи зиёде шуд.

Пештар,”Дмитрий Шогаев” раиси “Созмони фаннӣ ва низомии Русия”, дар ҳошияи нишасти анҷумани иқтисодии шарқ ба хабарнигорон гуфт, ки ҳеҷ монеи барои фурӯши сомонаи дифои мушакии “S- 400” ба Беларус вуҷуд надорад.

Ваии афзуд: Беларус шарики стротежики Русия аст ва мо дар як иттиҳодия зиндагӣ мекунем. Аз онҷо ки сомонаи “S- 400” асосан барои содирот аст ин мантиқӣ аст, ки ба дархости ин кишвар барои хариди ин система посухи мусбат бидаҳем. Ман ҳеҷ монеи ё маҳдудияте барои содироти ин системаи дифоӣ ба Беларус наме бинам.

Александр Лукашенко, ҳам гуфта буд, ки Маскав ба зудӣ ин кишварро бо даҳҳо ҳавопаймои низомӣ, болгард, системаҳои зидди ҳавоӣ ва эҳтимолан системаи дифои ҳавои “S- 400”  таҷҳиз хоҳад кард.

Лукашенко, авоили моҳи август низ таъкид карда буд, ки Минск алоқаманд ба хариди “S- 400” аз Русия ба қимати муносиб аст.

Дмитрий Шогаев, дар посух ба дархости Лукашенко гуфта буд, ки агар Маскав дархости расмии Беларусро дарёфт кунад онро фавран мавриди баррасӣ қарор хоҳад дод.

Русия ҳамчунин дируз (шанбе) дар иқдоме ҷиҳати ҳимоят аз Беларус, муттаҳиди худ, шуморе аз ҷангандаҳои “Суху-30” худро озими Беларус кард.

Аз соли 1999, Русия ва Беларус эътилоф ташкил додаанд, ки ҳадафи аслии онҳо иттиҳоди ду кишвар аст. Аз 10 сентябри 2021 беш аз 200 ҳазор низомӣ, 80 ҳавопаймо ва болгард, ҳудуди 300 танк ва беш аз 10 киштӣ аз Русия ва Беларус дар ҳоли ширкат дар размоиши муштараке ба номи “Запад” ҳастанд. Ин размоиш аз сӯи Полша ва кишварҳои Балтика аз наздик расад мешавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад