Пекан хостори лағви таҳримҳо алайҳи Афғонистон шуд

Сухангӯи вазорати хориҷаи Чин зимни ибрози нигаронӣ дар бораи вазъияти мардуми Афғонистон, хостори лағви таҳримҳои якҷониба алайҳи ин кишвар ва озодии дороиҳои масдуд шудаи Афғонистон шуд.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Чжао Лизян”, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Чин имрӯз (душанбе) хостори лағви таҳримҳои якҷонибаи ҷомеъаи байналмилалӣ алайҳи Афғонистон ва озодии дороиҳои хориҷии ин кишвар шуд.

Рӯзномаи “Global Times”-и Чин гузориш кард, Чжао Лизян, бо ибрози нигаронӣ аз вазъияти мардуми Афғонистон, ки таҳти таъсири таҳримҳои байналмилалӣ қарор гирифтаанд, гуфт: «ин таҳримҳо дар ҳоли танбеҳи тамоми мардуми Афғонистон аст ва буҳрони инсонӣ дар ин кишварро ташдид мекунад».

Вай сипас идома дод, ки таҳримҳои якҷониба алайҳи Афғонистон мебоист лағв шавад ва дороиҳои масдуд шудаи ин кишвар дар хориҷ аз Афғонистон бояд озод шавад.

Сухангӯи вазорати хориҷаи Чин дар ҳоле чунин дархостеро матраҳ карда аст, ки “Питер Мейер”, раиси кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар бораи авзоъи Афғонистон ахиран дар гуфтугӯ бо хабаргузории Амрикоӣ “Ассошиатед Прес”, тасреҳ кард, ки Афғонистон ба шиддат бо камбуди нақдинагӣ мувоҷеҳ аст.

Вай тавзеҳ дод: «Афғонистон ба далели таҳримҳо бо камбуди пули нақд мувоҷеҳ буда ва дар ҳоли ҳозир барои пардохти ҳуқуқи коркунони ин кишвар пули нақд мавҷуд нест».

Раиси Салиби Сурх ҳамчунин бо баёни ин ки агар хушксолӣ ва фурӯпошии иқтисодӣ идома ёбад, Афғонистон ба самти буҳрони инсонӣ ҳаракат хоҳад кард, гуфт: аммо муҳимтарин буҳрон дар ҳоли ҳозир набуд пули нақд барои пардохти пули кормандони афғон аст.

Тибқи гузориши “Ассошиатед Прес”, иқтисоди Афғонистон ба кӯмакҳои хориҷӣ вобаста буда ва бо фурӯпошии давлати гузашта бисёре аз бахшҳои иқтисодии ин кишвар дар остонаи фурӯпошӣ қарор дорад.

Аз тарафи дигар, “Амирхон Муттақӣ”, сарпарасти вазорати хориҷаи Афғонистон низ ахиран ба Амрико ва кишварҳои аврупоӣ ҳушдор дод, ки талош барои тазъифи давлати Толибон аз тариқи ташдиди таҳримҳо алайҳи Афғонистон бар амнияти ҷаҳонӣ таъсири манфӣ хоҳад гузошт ва мумкин аст боиси эҷоди мавҷе аз муҳоҷират шавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад