Маросими савгандёдкунии президенти нави Ҷумҳурии Исломии Эрон бо иштироки меҳмонҳои байналмилалӣ

Маросими савгандёдкунии Сайид Иброҳими Раисӣ, раисҷумҳуни нави Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ҳузури меҳмонони байналмилалӣ баргузор шуд.

Ба нақл аз Форс, маросими савгандёдкунии Сайид Иброҳими Раисӣ, президенти нави Ҷумҳурии Исломии Эрон имрӯз (панҷшанбе, 5-уми август) дар ҳузури мансабдорони низомӣ ва кишварӣ ва меҳмонони хориҷӣ дар саҳни парлумони ин кишвар баргузор шуд.

Муҳаммадбақири Қолибоф, раиси Маҷлиси шӯрои исломӣ дар оғози маросим гуфт: “Дар давраи “самаранокӣ ва ҳисоботдиҳӣ” натанҳо фасод, балки ҳамагуна манфиатталабии сиёсӣ ё қабилагароӣ гуноҳи ғайри қобили бахшиш аст.”

Вай афзуд: “Мо хуб медонем, ки кадом мушкилот ва чолишҳои пеши рӯи мо қарор доранд. Мо медонем, ки чӣ қадар бесамарии сершумор эътимоди мардумро хароб кардааст ва медонем, ки чӣ қадар бори мушкилоти иқтисодӣ ва рӯзгор бар дӯши мардум, бахусус миёнаҳолону камбизоатон меафтад.”

Сайид Иброҳими Раисӣ дар ин маросим савганд хӯрд ва суханронӣ намуд.

Ишон пас аз савгандёдкунӣ ҳозиринро хайри мақдам гуфт ва изҳор дошт: “Тулуъи инқилоби исломӣ дар Эрон фасли наве аз озодӣ, иштироки сиёсӣ ва демократияро дар таърихи кишвари мо ба сабт расонид.”

Раисҷумҳури нави Эрон илова кард: “Сарқонуни Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчун як паймони миллӣ, дар принсипи шашум, ҳамаи ниҳодҳои ҳукуматиро маҳсули ирода ва раъйи мардум медонад”.

Вай идома дод: Ҳоло имрӯз бори дигар иродаи мардум таҷаллӣ ёфтааст. Мардум барои паймудани роҳи нуронии инқилоб тасмими ҷиддӣ доранд. Халк азми кавй дорад. Паёми раъйдиҳии мардум дар интихоботи 19 июн паёми таҳаввулхоҳӣ ва адолатталабӣ буд. Мо ҳомиёни ҳақиқии ҳуқуқи инсон ҳастем ва хомӯширо дар баробари зулм, ҷиноят ва нақзи ҳуқуқи инсони бегуноҳ ва бедифоъ қабул намекунем.”

Президенти ҶИЭ изҳор дошт: “Новобаста аз он ки он зулм дар қалби Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида, ё дар Африқо, ё дар Яман, Сурия ва Фаластин аст, мо дар баробари мазлумон ҳастем ва дар дохили кишвар ҳам, мардум ва ҷавонони ин сарҳад ва минтақа аз мо хоҳиш мекунанд, ки садои мазлумон ва посбони неъматҳои инқилоб бошем.”

Ӯ гуфт: “Мардум мехоҳанд, ки мушкилоти маишату рифоҳу осоишро рафъ кунем ва нишоти миллӣ ва ҳаёҷони иҷтимоиро дар ҷомеа тавсеа бахшем. Ҳукумат, ки ба иродаи миллат асос ёфтааст, манфиатҳои мардум ва адолати судиро ҳимоя мекунад ва дар ин самт бидуни хастагӣ ва бо талошу кӯшиш пеш меравад.”

Президент таъкид кард: “Таҳримҳо алайҳи миллати Эрон бояд бекор шавад, мо аз нақшаи дипломатӣ, ки ба ин ҳадаф мерасад, пуштибонӣ хоҳем кард. Ҷумҳурии Исломии Эрон миллатҳои ҳамсояро хеши худ медонад.”

Қайд карда мешавад, ки Маҳмадтоир Зокирзода, ба ҳайси намояндаи Тоҷикистон меҳмони ин маросим буд.

Пеш аз оғози ин маросим ҳам меҳмонҳои хориҷӣ, бо Сайид Иброҳими Раисӣ, раисҷумҳури мунтахаби ҶИЭ акси ёдгорӣ гирифтанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад