Маҳмадтоир Зокирзода намояндаи Тоҷикистон барои иштирок дар маросими савгандёдкунии Раисӣ ба Эрон рафт

Маҳмадтоир Зокирзода ба ҷойи кишвардори Тоҷикистон ба маросими савгандёдкунии раисиҷумҳури тозаинтихоби Эрон озими он кишвар шуд

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Маҳмадтоир Зокирзода бо сафари корӣ озими Эрон шуд

Зокирзодаро дар фурудгоҳи Теҳрон намояндагони воломақоми парлумони Эрон пешвоз гирифтанд.

Гуфта мешавад, дар бинои фурудгоҳ, Зокирзода бо ҳамтоёни худ масъалаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ миёни Эрону Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дод.

Зокирзода изҳор дошт : “Итминон дорам, ки сафари мо дар инкишофи робитаҳои гуногунсоҳаи ду кишвари дӯсту бародар, ки дорои таъриху фарҳанг ва забони муштарак мебошанд, нақши муайянеро анчом хоҳад дод”.

Ҳадаф аз сафари Зокирзода ба Эрон иштирок дар маросими савгандёдкунии президенти тозаинтихоби Эрон мебошад, ки рӯзи 5 август баргузор мегардад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад