Тахриби се хонаи мутаъаллиқ ба Фаластиниён дар Каронаи Бохтарӣ

Нерӯҳои режими саҳюнистӣ се хонаи мутаъаллиқ ба фаластиниёнро дар Каронаи Бохтарӣ тахриб карданд.

 

 

Нерӯҳои режими палиди саҳюнистӣ 3 хонаи дар ҳоли сохтро дар Каронаи Бохтарӣ хароб карданд ва бо Фаластиниёни ҳозир даргир ва як нафарро боздошт карданд.

Ба гузориши хабаргузории “Вафо” Фаластин, нерӯҳои режими саҳюнистӣ бо таҷҳизоти сохтумонӣ ба шаҳраки Сао, дар шаҳри Ал-Халили Каронаи Бохтарӣ, ҳамла бурда ва се хонаи дар ҳоли сохти мутаъаллиқ ба як хониводаи фаластиниро тахриб карданд.

Ба гуфтаи режими палиди саҳюнистӣ, ин хонаҳо дар “минтақаи C” қарор дошта ва ба далели сохтусози “ғайримуҷоз” тахриб шудаанд.

Аз сӯи дигар манобеи маҳаллӣ эълом карданд, ки нерӯҳои режими палиди саҳюнистӣ бо бомбҳои савтӣ алайҳи касоне ки ба тахриб эътироз доштанд, мудохила ва як фаластиниро боздошт карданд.

Ба гуфта манобеи фаластинӣ, мақомоти режими кӯдак куши саҳюнистӣ танҳо дар соли гузашта беш аз 500 хона ва маҳали кори фаластиниёнро дар Қудси шарқӣ ва Каронаи Бохтарӣ тахриб карданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад