Раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон бар пайкари мутаҳҳари шуҳадои муқовамат намоз иқома карданд

Маросими ҷанозаи шуҳадои муқовамат аз соати ҳашти субҳи имрӯз – душанбе- бо ҳузури ҷамъи зиёде аз мардум, раисони қувои се гона, мақомот, масъулони кишварӣ ва лашкари бо қироати оёти аз Қуръони Маҷид ва марсияхонии яке аз маддоҳон оғоз шуд.
Пас аз иқомаи намоз, пайкари шуҳадои муқовамат аз донишгоҳи Теҳрон ба самти майдони озодӣ бар дастони мардум худоҷӯй ташйиъ мешавад.
Генерал Қосим Сулаймонӣ фармондеҳи Сипоҳи Қудс ва Абумаҳдӣ Алмуҳандис муовини созмони неруҳои мардуми Ироқ ба ҳамроҳи 8 нафари дигар бомдоди ҷумъа дар масири фурудгоҳи Бағдод ба дастури “Доналд Транп” раисҷумҳури Амрико ва бо паҳподҳои вазорати дифои ин кишвар (Пентагон) террор шуданд ва ба шаҳодат расиданд.

Пайкари мутаҳҳари ин шуҳадо шанбе дар Карбало, Наҷаф, Бағдод ва Козимайн ташйиъ шуд, пайкари мутаҳҳари ин шуҳадо якшанбе дар Аҳвоз ва Машҳад низ аз сӯи мардуми Худоҷӯй ташйиъ шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад